Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Қазоқистонро дар Миср барои пешниҳодҳояш танбеҳ доданд


Қайрат Лама Шариф
Қайрат Лама Шариф

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 6-уми май сафири кишварашро дар Миср барои "риоя накардани кодекси ахлоқи хидматчии давлатӣ" танбеҳ дод.

Қайрат Лама Шариф пештар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пешниҳод кард, ки аз истифодаи номҳои даврони Шӯравӣ ва Русияи подшоҳӣ бояд "даст кашида", номи пешини пойтахти кишварашро, ки ахиран ба номи президенти нахустин Нурсултон Назарбоев гузошта шуд, баргардонида шавад.

Бино ба пешниҳоди ӯ, мақомоти қазоқ бояд бо баргузории як ҳамапурсӣ аз номҳои баҳсбарангези минтақаҳои маъмурӣ даст кашанд. Вай инчунин барои баъзе аз минтақаҳои Қазоқистон номҳои нав пешниҳод кард.

Аз ҷумла, Шариф хостааст, минтақаи ҳаммарзи Қазоқистон бо Русия -- вилояти Павлодар ва маркази маъмурияш - шаҳри Павлодар "Сариарқа" ва "Ертис" номгузорӣ шаванд.

Ин пешниҳодҳои сафири Қазоқистон дар Миср баъди имзои ташкили се вилояти нав дар кишвараш садо доданд.

XS
SM
MD
LG