Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон се вилояти дигар таъсис доданд


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 4-уми май фармони таъсиси се вилояти нав дар кишварашро имзо кард.

Бар асоси ин фармон, вилояти нави Абай бо маркази маъмурӣ дар шаҳри Семей ташкил шудааст. Чандин ноҳия аз ҷумла, Оқсуат, Абай аз вилояти Қазоқистони Шарқӣ берун ва ба ҳайати вилояти нав шомил карда шудаанд.

Ҳамчунин ноҳияҳои Оқсу, Алакал, Ескелдин, Қаратол, Кербулоқ, Кӯксу, Панфилов, Саркан, шаҳрҳои Талдиқӯрғону Текелӣ аз вилояти Алмаато хориҷ ва ба ҳайати вилояти нави Жетису бо маркази маъмурӣ дар шаҳри Толдиқӯрғон шомил гаштаанд.

Маркази маъмурии вилояти Алмаато аз шаҳри Толдиқӯрғон ба шаҳри Конаев, ки қаблан Капшагай ном дошт, кӯчонида шуд.

Вилояти севум бо якҷо кардани чанд ноҳияи вилояти Қарағанда ташкил шудааст. Он Улитав номгузорӣ шуда, маркази маъмурияш Жезқазғон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG