Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гуфт, Русия Луганск ва Донетскро ғасб карданист


Майкл Карпентер, сафири Амрико дар САҲА
Майкл Карпентер, сафири Амрико дар САҲА

Амрико гуфт, Русия мехоҳад, ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганскро ғасб ва истиқлоли вилояти Херсони Украинаро ҳамчун "ҷумҳурии мардумии Херсон" эътироф кунад.

Дар ин бора Майкл Карпентер, сафири Амрико дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бо истинод ба ёфтаҳои мақомоти амрикоӣ хабар додааст.

Карпентер гуфта, ки Маскав мехоҳад, дар минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон дар Луганск ва Донетск барои пайвастан ба ҳайати Русия "раъйпурсии сохта" баргузор кунад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, нишонаҳои омодагии Русия ба баргузории раъйпурсӣ дар бораи истиқлоли Херсон мушоҳида мешавад.

Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо афзудааст, эҳтимол Русия ба чунин иқдомҳо дар миёнаҳои моҳи майи соли равон даст занад.

XS
SM
MD
LG