Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада: Ҳар ҳафта садҳо афғони муҳоҷир вориди ин кишвар мешаванд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати Канада мегӯяд, ки раванди интиқоли муҳоҷирони афғон ба ин кишвар идома ёфтааст ва ҳар ҳафта садҳо тан аз афғонҳо, асосан аз Тоҷикистон ва Покистон ба ин кишвар интиқол дода мешаванд. Вазири умури муҳоҷирати Канада мегӯяд, аз замони дубора ба қудрат расидани Толион дар Афғонистон дар моҳи августи соли гузашта то кунун наздик ба 12500 муҳоҷири афғон ба ин кишвар интиқол ёфтанд ва дар шаҳрҳои гуногуни Канада ҷобаҷо карда шудаанд. Ӯ дар паёми твиттерӣ навишт, ки охирин гурӯҳи 334-нафарӣ рӯзӣ шанбе аз Покистон вориди шаҳри Торонто шуданд.

Ба гуфтаи масъулини ҳукумати Канада, ин афғонҳо ҳамкорони маъмурияти Канада дар Афғонистон буданд. Вазири умури муҳоҷирати Канада гуфтааст, онҳо ӯҳдадоранд афғонҳоеро, ки бо нерӯҳои канадаӣ дар Афғонистон кор карданд ва ҳоло таҳти хатар қарор доранд, ва низ хабарнигорон, фаъолони маданӣ ва занони фаъолро кӯмак кунад. Канада ваъда додааст, ки чиҳил ҳазор афғонро то охири соли оянда ба он кишвар интиқол медиҳад.

XS
SM
MD
LG