Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии "Полки ҷовидон" дар Душанбе сурат мегирад?


Раҳпаймоии Полки ҷовидон дар Душанбе дар соли 2019
Раҳпаймоии Полки ҷовидон дар Душанбе дар соли 2019

Ташаббускорони баргузории раҳпаймоии “Полки ҷовидон” дар Душанбе гуфтаанд, ки мунтазири посухи хаттии мақомоти Душанбе барои баргузории ин раҳпаймоӣ ҳастанд.

Қарор аст, ин раҳпаймоӣ рӯзи 9-уми май баргузор шавад. Хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия аз Шавкат Мирзоев, раҳбари Иттифоқи сарбозони интернатсионалист дар Тоҷикистон навиштааст, ки онҳо ризоияти шифоҳии мақомоти Душанберо барои баргузории раҳпаймоӣ гирифтаанд ва мунтазири иҷозаи расмии хаттӣ ҳастанд.

Ӯ афзудааст: “Мо ҳар рӯз занг мезанем ва мунтазири посухи иҷозаи расмӣ ҳастем, вале ман бовар дорам, ки раҳпаймоӣ сурат мегирад, ҳатто агар иҷозаи расмӣ ҳам набошад, бар асоси иҷозаи шифоҳӣ мешавад.” Ӯ афзудааст, ки солҳои гузашта ҳам бе иҷозаи расмӣ ин раҳпаймоӣ сурат мегирифт.

Шавкат Мирзоев гуфтааст, ки Иттифоқи сарбозони интернатсионалисти Тоҷикистон чанде пеш барномаи раҳпаймоиро ба шаҳрдории Душанбе ва сафорати Русия дар Душанбе фиристодаанд, ки умдатан дар Боғи Ғалаба сурат мегирад.

"Полки ҷовидонабадӣ" як раҳпаймоии ихтиёриест, ки соли 2011 бо ташаббуси гурӯҳи журналистони рус дар шаҳри Томск баргузор шуд. Дар ин раҳпаймоӣ хешовандони ширкатдорони ҷанги солҳои 1941-1945 ширкат мекунанд. Мухолифони ин кор мегӯянд, баргузории раҳпаймоӣ носталжӣ ба Шӯравиро бедор мекунад ва зарурат надорад. Дар баъзе аз кишварҳои муштаракулманофеъ ба ин раҳпаймоӣ иҷозат намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG