Сухангӯйи пулиси Толибон гуфт, рӯзи 29-уми апрел бар асари таркиши бомба дар як масҷиди Кобул дастикам 10 нафар кушта шуданд.
Инфиҷор дар минтақаи Доруламони пойтахти Афғонистон пас аз зуҳри ҷумъа рӯй дод. Зиёда аз 30 нафар захмӣ шудаанд.
Холид Задрон, сухангӯйи пулиси Толибон дар Кобул, дар як паёми матнӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "муфаттишон ва нерӯҳои амниятӣ таҳқиқи ҷиддии ҳодисаро оғоз кардаанд".
Дар рӯзи ҷумъаи охири моҳи Рамазон садҳо намозгузор барои ибодат дар масҷид ҷамъ омада буданд.
Касе масъулияти таркишро ба дӯш нагирифтааст.
Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар баёнияе инфиҷорро маҳкум кард ва гуфт, "сабабгорон пайдо ва муҷозот хоҳанд шуд".