Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КДАМ-и Қирғизистон гуфт, Тоҷикистон "Байрактар" нахаридааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабарҳоро дар бораи харидорӣ шудани бесарнишонҳои "Байрактар"-и туркӣ аз сӯи Тоҷикистон шарҳ дод.

КДАМ-и Қирғизистон рӯзи 29-уми апрел гуфт, "иттилои мазкур беасос аст" ва бино ба маълумоти дақиқи онҳо, "ҷониби Тоҷикистон бо истеҳсолкунандаи "Байрактар" - ширкати "Байкар Макин" ва ширкатҳои дигари туркӣ шартнома набастааст".

Ҷониби Тоҷикистон ҳаргиз ин гузоришҳоро шарҳ надодааст.

"Ҷумҳурии Қирғизистон сиёсати сулҳпарварона ва ҳусни ҳамсоядориро пеша карда, барои ҳифзи суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ тамоми талошашро анҷом медиҳад. Қирғизистон бесарнишинҳои туркиро қатъиян бо ҳадафи мудофиаи худ дар пайи афзоиши хатарҳои террористиву мазҳабӣ дар ҳудуди Афғонистон, харидааст. Ҷониби Қирғизистон ҳаргиз ҷонибдори сиёсати хашин нисбати кишварҳои ҳамсоя набуд ва нахоҳад буд", - омадааст дар иттилоияи КДАМ.

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳамтои туркаш Ҳулуси Акар 20-уми апрел дар ҳошияи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Анқара дар мавриди ҳамкориҳои низомии ду кишвар мувофиқатнома имзо карданд.

Тибқи хабари Вазорати дифои миллии Туркия, дар ҷараёни гуфтугӯи пушти дарҳои баста, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар арсаи саноати дифоӣ баррасӣ шудаанд.

Сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Туркия тақрибан як сол пас аз сафари Ҳулуси Акар ба Тоҷикистон моҳи июли 2021 ду моҳ баъд аз муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифт.

Он замон вазири дифои Туркия аввал ба Қирғизистон сафар кард ва дар онҷо дар мавриди созишномаҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаи низомӣ, ки дар натиҷаи сафари раисҷумҳури Қирғизистон Содир Жапаров ба Туркия моҳи июни 2021 ҳосил шуданд, гуфтугӯ кард.

Ҳосили ҳамкориҳои Бишкек ва Анқара харидани ҳавопаймоҳои бесарнишини "Bayraktar TB2" аз сӯи Қирғизистон шуд. Ба ин тартиб, Қирғизистон дар миёни кишварҳои узви СПАД нахустин кишваре шуд, ки соҳиби паҳбод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ шуд ва моҳи марти 2022 аз истифодаи онҳо дар як размоиш хабар дод.

Ҷеенбек Кулубоев, номзад ба мақоми вазирии корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, ки пештар ҷониби Қирғизистон аз Туркия хоста буд, ба Тоҷикистон бесарнишин нафурӯшад.

XS
SM
MD
LG