Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илон Маск Twitter-ро ба 44 миллиард доллар мехарад


Саҳифаи Илон Маск дар Твиттер
Саҳифаи Илон Маск дар Твиттер

Миллиардер ва асосгузори ширкатҳои SpaceX ва Tesla Илон Маск гуфтааст, ширкати "Twitter"-ро мехарад.

Дар ин бора рӯзи 25-уми апрел созиш ҳосил шуда, хабарро дар худи "Twitter" низ тасдиқ карданд. Қарор аст, ширкати мазкур ба маблағи наздики 44 миллиард доллари амрикоӣ фурӯхта шавад.

Маск дар изҳороташ дар бораи харидани "Twitter" аҳамияти озодии баёнро ёдовар шуд.

Вай ҳамчунин изҳори умед кард, ки ҳатто мухолифони сарсахташ низ саҳифаҳои худро дар ин шабакаи иҷтимоӣ аз байн нахоҳанд бурд.

XS
SM
MD
LG