Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Биниамро бо силоҳ зада шикастанд", "чашмамро кӯр карданд"... ВИДЕО


Ин гурӯҳи мӯътодони маводи мухаддирро "Толибон" барои муолиҷаи маҷбурӣ дар як маркази табобатӣ ҷой кардаанд
Ин гурӯҳи мӯътодони маводи мухаддирро "Толибон" барои муолиҷаи маҷбурӣ дар як маркази табобатӣ ҷой кардаанд

Нашъамандон ва ё мӯътодони маводи мухаддир дар Афғонистон шикоят мекунанд, ки “Толибон” бо онҳо чун ҷинояткорон бархурд намуда, муносибати бераҳмона мекунанд.

Аммо мақомоти расмии “Толибон” ин иддаоро рад мекунанд. Муҳаммад як сокини вилояти марказии Дайкундӣ дар Афғонистон мӯътоди маводи мухаддир аст. Дар ҳоле, ки бо алам гиря мекард гуфт, “Толибон” ӯро лату куб карданд. Муҳаммад мегӯяд: “Ин давлат - давлати мӯътоду ғариб нест. Мо чизе намехоҳем. Намак ба рӯйи захми мо напошед.

Дигар ҳеҷ чиз аз ин давлат намехоҳем. Фақат моро назананду азоб надиҳанд”. Ин ягона ҳолати бадрафторӣ бо мӯътодон нест. Бино ба гузоришҳо, “Толибон” дар чанд вилоят нашъамандонро бераҳмона боздошт ва равонаи зиндон мекунанд. Бо ин роҳ онҳо гуиё мӯътодонро муолиҷа менамоянд. Шоҳидон мегӯянд, онҳо мӯътодонро зери по мекунанд, бо шатта мезананд ва зӯран ба мошинҳои пулис мешинонанд.

Лаҳзаи боздоштро расонаҳо зери назорати ҷидии “Толибон” сабт мекунанд. Ба нақли марди дигари нашъаманд, дар паи латукӯби “Толибон” чанд истеъмолкунандаи маводи мухаддир ба ҳалокат расидааст. Вай мегӯяд, маълум нест, ки ҷавобгари ин бераҳмиҳо кӣ аст. Ӯ мегӯяд: “Қариб 200 гурӯҳ аст. Мо ҳайрон мондем, ки инаш кӣ асту онаш кӣ аст, кадомаш ҳукумат асту кадомаш не. Намефаҳмӣ. Мебинӣ, ки як рӯз як шакл меоянд, як рӯз каси дигар меояд. Як рӯз бачаи хурд меояду мора мезанад, рӯзи дигар пирамард ҳам омада, моро мезананд”.

Муътодони маводи мухаддир аз Толибони афғон шикоят доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Эҳсонулло ва Ҳомид Гул, сокинони Пактиё ҳам мегӯянд, қурбонии амалҳои ваҳшиёнаи “Толибон” шуданд. Эҳсонулло дар бораи шиканҷаи худаш чунин нақл кард: “Ман дар ин ҷо нишаста будам. Онҳо омада бо силоҳи АК-47 маро заданд ва биниамро шикастанд.” Ҳомид Гулро сахттар азият доданд. Ба гуфтааш, “Толибон” омаданд ва "чашмони маро кӯр карданд. Ман аз биноӣ маҳрум шудам”.

Намояндагони “Толибон” дар минтақаҳои Дайкундӣ ва Пактиё иқрор мешаванд, ки баъзан нисбат ба мӯътодон аз зӯр истифода мекунанд, аммо иддаои бераҳмиро рад мекунанд. Умар Бадрӣ, сухангӯи “Толибон” дар вилояти Пактиё дар ин бора гуфт: “Онҳо аз он метарсанд, ки мо онҳоро ба зиндон меандозем. Аммо ин нодуруст аст. Худоро шукр, мо бо онҳо муносибати хуб мекунем. Мо онҳоро ҷамъ мекунем, ба идора меорем ва барои муолиҷа мефиристем.” Баъди ишғоли ҳукумат дар моҳи августи соли гузашта “Толибон” ба боздошти нашъамандон шурӯъ карданд.

Онҳо мӯътодонро бо зӯр дастгир ва ба марказҳои офиятбахшӣ мефиристанд. Ба гуфтаи “Толибон”, ҳоло дар ин марказҳо панҷ ҳазор мӯътод муолиҷа мешаванд. Пас аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ, шумори марказҳои дармонбахши нашъамандон дар Афғонистон ба маротиб камтар шуд. Аз 88 марказ ҳоло танҳо 40-тои он фаъолият дорад ва ин марказҳо ҳам аз камбуди доруву даво танқисӣ мекашанд. Камбуди маблағгузорӣ мушкили азими ин муассисаҳо мебошад. Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи афюн дар ҷаҳон аст. Як таҳқиқот шаш соли пеш муайян кард, ки беш аз 3 миллион шаҳрванди кишвар муътоди маводи мухаддир ҳастанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG