Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар роҳи дигаре наёфтем, бо силоҳу ҷон кукнорро дифоъ мекунем. "ВИДЕО


Киштзори кукнор дар Қандаҳор. Акс аз рӯзи 22-уми марти имсол.

Дар манотиқи ҷанубии Афғонистон мавсими ҷамъоварии ҳосили кӯкнор наздик мешавад, ки як манбаи муҳими даромади деҳқонони зиёд ва дарди сари Афғонистону ҳамсокишварҳои он аст.

Толибон, ки моҳи август дар Афғонистонро ҳукуматро ба даст гирифтанд, ваъда доданд, ки киштзорҳои кукнорро нобуд мекунанд, аммо ин моҳ гуфтанд, ки ин корро нахоҳанд кард, то ки деҳқонон азоб накашанд.

Абдулсамад, деҳқони кукнорпарвар аз Лашкаргоҳ ба хабарнигори “Ассосиэйтед Пресс” гуфтааст: "Агар роҳи дигаре барои таъмини аҳлу аёли худ медоштем, ин зироатро намекоштем. Агар роҳи дигаре наёфтем, бо силоҳу ҷон кӯкнорҳои худро дифоъ мекунем. Ё бояд барои кор ба Покистону Эрон, ё Тоҷикистон гурезем, ки ин имкон вуҷуд надорад, зеро моро бармегардонанд."

"Ба Тоҷикистон гурезем, моро бармегардонанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Абдулсамад аз вилояти Нангарҳори Афғонистон аст, ки барои ҷамъоварии кӯкнор омодагӣ мегирад. Зироате, ки ба ҳероин табдил меёбаду ба Тоҷикистон ҳам мерасад. Мардуми зиёде дар ноҳияи Лашкаргоҳ аз роҳи кишти кукнору фурӯши тарёк зиндагӣ мекунанд, чун ба қавли худашон илоҷ надоранд. Гул Муҳаммад, деҳқони 19 сола аз Лашкаргоҳ аст ва чунин мегӯяд: "Кишти гандум даромади зиёд надорад, чун мисли кукнор гарон нест. Азбаски вазъи иқтисодиамон бисёр бад, маҷбур кӯкнор мекорем."

Деҳқонони афғон як кило гандумро ним сент ва як кило тарёкро то 114 доллар мефурушанд. Бисёре аз ҳероини ҷаҳон аз ҳосили киштзорҳои кукнори Афғонистон тавлид мешавад. Толибон, ки соли гузашта аҳд доданд, киштзорҳои кукнорро маҳв мекунанд, ҳамин моҳ гуфтанд, ба сабаби буҳрони сахти иқтисодӣ, ба кукнорпарварон даст намерасонанд.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон: "Мо ягон чора ба зидди деҳқонон намеандешем, то вақте, ки ҷойгузини муносиб барои онҳо ёбем. Онҳо ҳоло ҳам мушкилоти зиёде доранд ва мо намехоҳем, барои онҳо мушкилоти бештар эҷод кунем. Аз ин рӯ саъй дорем, бо кумаки ҷомеаи байналмилалӣ, роҳи ҳалли муносибе барои деҳқонон ёбем."

Иқтисоди вайроншуда аз ҷанги Афғонистон, ки замоне танҳо бо кумакҳои байналмилалӣ зинда нигаҳ дошта мешуд, ҳоло дар остонаи суқут қарор дорад. Маводи мухаддир, ки мусибатҳои зиёде ба сари ҳамсоякишвари Тоҷикистон овардааст, бо иқтисоду нобасомониҳои Афғонистон гиреҳ хӯрдааст. Ба гуфтаи Созмони Милал, соли 2021 дар Афғонистон 6000 тонна афюн бардоштаанд, ки аз он метавон 320 тонна ҳероин ба даст овард.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG