Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашъамандон – ба зиндон. Рафтори "Толибон" дар Афғонистон баҳсбарангез шуд. ВИДЕО


Толибон роҳи муолиҷаи нашъамандонро ёфтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Як шеваи муолиҷаи нашъамандон ё муътодони маводи мухаддир дар Афғонистон баҳсбарангез шуд. Дар ин кишвар, ки бештар аз 3 миллион нафар гирифтори ин дард ҳастанд, Толибон садҳо нафарро барои муолиҷа ба зиндони Қандаҳор андохтаанд.

Мардум ва табибон мегӯянд, зиндонӣ кардани ягон бангиву тарёкӣ ва истифодабари ҳероин ҳеч натиҷа намедиҳад, вале Толибон мегӯянд, корашон дуруст аст.

Маҳмуд, як муътоди маводи мухаддир, дар зиндони Қандаҳор мегӯяд, “наваду панҷ дар сади инҳо гирифтороне ҳастанд, ки дар қабристонҳо, кунҷу канори шаҳр, канори роҳҳо мехобиданд ва се чаҳор рӯз ҳам нон надоштанд.”

“Ду ҳафтаро дар ноҳияи Арғандоб гузарондам. Ҳудуди як моҳ мешавад, ки инҷо ҳастам. Касе, ки мехоҳад, тарк кунад, метавонад,” – гуфт Башир Аҳмад, муътоди маводи мухаддир.

Ба қавли масъулон, пеш аз баргашти дубораи Толибон ҳудуди 2500 кас, аз ҷумла садҳо толиб дар маҳбаси Қандаҳор зиндонӣ буданд, ки озод шуданд. Ҳоло дар канори нашъамандон 150 тани дигар барои ҷиноятҳои гуногун дар ин зиндон нигаҳ дошта мешаванд. Ҳарчанд ингуна шеваи муолиҷаи муътодонро танқид кардаанд, масъулони Толибон мегӯянд, ки корашон дуруст аст.

Мавлавӣ Мансур, муовини сардори зиндони Қандаҳор гуфт: “Барои муътодон устодонеро таъйин кардаем, ки бо онҳо гап мезананд, огоҳ мекунанд. Табибон ҳар рӯз онҳоро мебинанд. Агар зарур шуд, ба шифохона мебаранд. Ба шифохонаи нашъамандон ҳам мефиристем."

Бар асоси омори ҳукумати пешин, дар Афғонистон беш аз 80 маркази дармони нашъамандон вуҷуд дошт. Шуморе аз онҳо ғайриҳукуматӣ буд, ки акнун мушкилоти фаровоне доранд.

Бар асоси як таҳқиқе, ки 6 сол пеш як созмони давлатии Амрико дар Афғонистон анҷом додааст, беш аз 3.5 миллион шаҳрванди кишвар муътоди маводи мухаддир ҳастанд. Оморе, ки Толибон ҳам рӯзи якуми январ дар як нишасти хабарӣ такрор карданд.

XS
SM
MD
LG