Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Як порча замин дорем, ки кӯкнор кишт кардем, кор нест" САДО


Камбизоатиро яке аз омилҳои асосии кишти кӯкнор дар Афғонистон меноманд

“Занҳоро меорам, духтаракҳоро меорам, бародари ҷонам бошӣ, кӯмак мекунанд.” Ин занону духтаракон ба Абдулҷаббори 52-сола сокини ноҳияи Аргуи Вилояти Бадахшони Афғонистон дар ҷамъоварии шираи кӯкнор ёрӣ мерасонанд.

Ӯ ба Неъматулло Аҳмадӣ хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бадахшон гуфт, ки имсол аз 12 гектар заминаш дар 6 гектари он кӯкнор коштааст. Аз тарси он ки маъмурони пулис киштзорҳояшонро вайрон накунанд, Абдулҷаббор зану духтаронро ҷалб кардааст, то “ҳосил”-ро ҳарчӣ зудтар бардоранд. Пулиси Афғонистон ба қавли ӯ, имсол дар замони ҷамъоварии ҳосил ба маҳви киштзорҳои кӯкнор оғоз кардааст.

Абдулҷаббор бо хонаводааш имрӯзҳо дар мазрааи кӯкнор шира ҷамъ мекунанд ва пеш аз онки “ҳосили заҳматаш”-ро маъмурони пулис аз байн баранд. Ӯ мегӯяд: “Валлоҳ кори ин бисёр мушкил аст. Занону духтараконро меорам, ки хишова мекунанд, шира мезананд. Дар инҷо на мактаб аст, на ҳисобу китоб аст, ки инҳо як чизе бигиранд.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
Линки мустақим


Қандигул ҳамсари Абдулҷаббор мегӯяд, ки аз маҷбурӣ ва мушкилоти зиёди иқтисодӣ кӯкнор кишт кардаанд: “Чӣ кор кунем, аз маҷбурӣ. Марди хона бечора ҷойи кор надорад.”

Равзатуллои 36-сола деҳқони дигаре дар Бадахшон аст, ки имсол монанди Абдулҷаббор кӯкнор кишт кардааст. Ӯ мегӯяд, агарчӣ метарсад, киштзорҳои кӯкнорашро вайрон ва худашро боздошт мекунанд, вале талош дорад, қабл аз омадани пулис “кори киштзорҳоро тамом кунад.”

Ӯ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, аз ноилоҷӣ ба ин кори ғайриқонунӣ рӯ овардааст: “Дар инҷо дигар ҷойи кор нест. Як порча замин дорем, дар ҳамин тарёк кишт кардем. Ҷойи кор нест, барои бачаҳоямон бояд як коре кунем.”

Маҳви кишти кӯкнор дар Ҷузҷон дар моҳи апрели соли 2020
Маҳви кишти кӯкнор дар Ҷузҷон дар моҳи апрели соли 2020

Пулиси Вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯяд, ки маҳви киштзорҳои кӯкнор дар манотиқи амн ва ноамн башиддат ҷараён дорад. Нисор Аҳмад Ҷаҳонгир, сарпарасти Раёсати мубориза бо маводи мухаддир дар Бадахшон мегӯяд, ки то кунун бештар аз 200 гектар киштзорҳои кӯкнорро дар ноҳияҳои Аргу, Дароим ва Кишм нобуд кардаанд.

Ӯ ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бадахшон гуфт: “Аҳде, ки мо ба миллату мардуму раҳбарияти вазорати умури дохилӣ додем, иншоолоҳ дар амри мубориза бо маводи мухаддир аз ҳеҷ навъ саъю талош дареғ намекунем ва то замони рехтани хуни охирин сарбозони пулиси мубориза бо маводи мухаддир, алайҳи мофиёву қочоқбарони маводи мухаддир, кишту интиқолаш мубориза мекунем.”

Масъулони пулиси Вилояти Бадахшон мегӯянд, ки имсол дар ин вилоят бештар аз 4 ҳазор гектар замин дар манотиқи амну ноамн кӯкнор кишт шудааст, аммо бар асоси барномаи вазорати умури дохилӣ бояд то 200 гектарро вайрон кунанд. Пулиси Бадахшон мегӯяд, ки саъй дорад, киштзорҳои васеътар аз инро нобуд кунанд.

Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи бештар аз 1300 километрӣ дорад, бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳероину бангу тарёки зиёде аз он кишвар пинҳонӣ ба Тоҷикистон ва сипас ба кишварҳои дигар интиқол меёбад.

Вилояти Бадахшони Афғонистон низ ҳаммарз бо Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ дар Тоҷикистон аст, ки як роҳи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба ҳисоб меравад.

Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми июл гуфт, нимсолаи якуми соли 2020 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ бештар аз 1 тоннаву 185 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд.

Оҷонси Созмони Милал Барои Мубориза бо Маводи Мухаддир ва Ҷинояткорӣ моҳи июни имсол гуфт, кишти кӯкнор дар Афғонистон дар соли 2019 дар муқоиса ба соли 2018 сиву ҳашт дар сад камтар шудааст.

Бино ба гузориши солонаи созмон дар соли 2019 дар Афғонистон дар масоҳати 253 000 гектар кӯкнор кишт кардаанд, аммо бо вуҷуди ин ҳосили он, яъне тарёк, ки аз он ҳероин ҳосил мекунанд, афзудааст. Дар ин сол 6400 тонна тарёк гирифтаанд, ки баробар бо ҳосили соли 2018 будааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG