Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди маҳви "қочоқбар" милисаҳои тоҷикро ба карантин фиристодаанд


Баъд аз хуруҷи коронавирус бори аввал аст, ки дар бораи талоши қочоқбарон барои вуруд ба марзи Тоҷикистон гузориш мешавад.
Баъд аз хуруҷи коронавирус бори аввал аст, ки дар бораи талоши қочоқбарон барои вуруд ба марзи Тоҷикистон гузориш мешавад.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон баъди маҳви як шаҳрванди Афғонистон дар марз ҳашт нафар, аз ҷумла як афсари баландрутбаи милисаро ба карантин фиристодаанд.

Як манбаи огоҳ аз амалиёт ба зидди фарди муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддир ба Радиои Озодӣ гуфт, як марди 50-cолаи афғонро шаби 9 ба 10-уми апрел ҳангоми амалиёт дар деҳаи Ғараби ноҳияи Ҳамадонӣ куштанд ва аз ҷойи ҳодиса 16 кило маводи мухаддир пайдо ва мусодира карданд.

Ӯ афзуд: “Дар амалиёти махсус кормандони милиса Мустафо валади Абдулкарим, сокини вилояти Ғазнии Афғонистон муқовимат мекунад ва маҳв карда мешавад. Ҳодиса дар ҷамоати Чубек рух дод. Баъди ин ҳамаи афроде, ки дар амалиёт иштирок доштанд, ба карантин фаро гирифта шуданд. Дар карантин подполковники милитсия Анис Усмонзода - сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ, муовинаш, ду корманди дигар ва табибон дар карантин қарор доранд.”

Садриддин Ғаюров, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб 13-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ бо 7 нафари дигарро барои муоинаи доимӣ ва пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба бемористони рақами 1 дар ҷамоати Турдиев дар ноҳия фиристодаанд. Вай гуфт, ин афрод ҳадди аксар 21-рӯзро дар шифохона сипарӣ мекунанд.

Чаҳор маъмури милиса ва чаҳор табиб

Садриддин Ғаюров афзуд: “Ҳозир ҳашт нафаранд. Чаҳор нафар корманди милиса ва чаҳор нафари дигар табибон ҳастанд. Ин корро барои эҳтиёт кардем, чунки ӯ шаҳрванди Афғонистон буд ва вирус дар Афғонистон ба қайд гирифта шудааст. Барои ҳамин мо онҳоро ба карантин фаро гирифтем. Дар ин се рӯзи карантин, аз онҳо ҳеҷ шикояте нагирифтаем.”

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ афзуд, дар сурати таб кардани афроди таҳти карантин онҳоро низ ташхис хоҳанд, ки мабодо коронавирус ба онҳо сироят накарда бошад. Ҷасади шаҳрванди Афғонистонро дар қуттии махсус андохта, ба мақомоти он кишвар супурдаанд. Дар Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон то кунун коронавируси нав, ки бемории КОВИД-19 бармеангезад, ба бештар аз 360 нафар сироят кардааст.

Баъди эълони нахустин мавридҳои сироят дар Афғонист, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки гузаргоҳҳои марзӣ бо ин кишвари ҳамсояро мебанданд. Баъд аз ин эълон ва маҳдуд кардани равуои шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон барои роҳ надодан ба сирояти вируси нав, бори аввал аст, ки ҳашт нафар аз ҷумла афсари баландрутбаи милиса барои тамос бо хориҷие ба карантин фиристода мешаванд. Баъди хуруҷи коронавирус доир ба убури ғайриқонунии марзи Афғонистону Тоҷикистон ва ё талош барои қочоқи маводи мухаддир ҳам то имрӯз гузорише набуд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун ягон мавриди сирояти КОВИД-19 дар кишвар сабт нашудааст. Азбаски дар ҳама кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, аз ҷумла Чину Афғонистону, Узбекистон ва Қирғизистон беморӣ ҳаст, шакку шубҳа ба гуфтаи мақомот вуҷуд дорад. Вале вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 13-уми апрел дар як баёнияи расмӣ гуфт, дар сурати ба қайд гирифтани коронавирус дар Тоҷикистон, “вазорати тандурустӣ расман онро тасдиқ ва эълон хоҳад кард, зеро пинҳон нигоҳ доштани сироят ба нафъи ҳеҷ кишваре нахоҳад буд.”

XS
SM
MD
LG