Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз вирус гузаргоҳҳои марзиро баст


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус гузаргоҳҳои марзиро бастанд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то ҳол дар кишвар ягон мавриди гирифтории сокинон ба коронавирус ошкор нашудааст.

Масъулони дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳама гузаргоҳҳои марзӣ дар кишвар барои даромаданд ва берун рафтани шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд баста шудаанд.

“Гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон то ба эътидол омадани вазъият баста мемонанд”, - гуфтанд дар Вазорати умури хориҷӣ.

Масъулини ин ниҳод гуфтанд, маҳдудияти вуруду хуруҷ ба кормандони сафоратҳо ва “ронандагоне, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд”, тааллуқ надорад.

Вале масъулини ВКХ гуфтанд, дипломатҳо, аъзои оилаи онҳо, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон 14 рӯз дар карантин мемонанд.

Мақомот мегӯянд, барои аз кишвар баромадани шаҳрвандони одии хориҷӣ бар асоси муроҷиати кишварҳо парвозҳои махсус ташкил карда мешавад.

Рӯзи 10-уми апрел Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин хабар дод, ки муҳлати раводиди шаҳрвандони хориҷиро дароз мекунад.

Мақомоти тоҷик дар ҳоле марзҳоро мебанданд, ки се ҳафта қабл ҳама парвозҳои байналмилалӣ низ қатъ шуда буд. Инчунин дар минтақаҳои ҳаммарз бо Қирғизистон, ки ҳанӯз хатти сарҳад пурра аломатгузорӣ нашудааст, посгоҳҳо гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG