Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо зӯри туфанг мегӯянд, тарёк ба даст биёред”


Cоли 2021 дар Афғонистон ба гуфтаи Созмони Милал дар ҳудуди 177 ҳазор гектар кӯкнор кишт кардаанд.
Cоли 2021 дар Афғонистон ба гуфтаи Созмони Милал дар ҳудуди 177 ҳазор гектар кӯкнор кишт кардаанд.

“Бо зӯри туфангу зӯру муҳокима мегӯянд, ки тарёк ба даст биёред”. Шикояти як кишоварзе аз вилояти Тахори Афғонистон аст, ки мегӯяд, ноилоҷ ва маҷбур дар заминҳои кишоварзиаш кӯкнор кишт кардааст.

Рустание, ки шояд ҳосили он то ба қаламрави Тоҷикистон ва ё фаротар аз он ҳам биравад. Ӯ ки нахост, номаш бурда шавад, ба як ҳамкори бахши дарии Радиои Озодӣ дар Афғонистон гуфт: “Мо қаблан гандуму ҷуворӣ кишт мекардем. Пушти корамон ба даст овардани як луқма нон буд. Имсол аз як тараф ғарибиву гушнагиву ташнагиву бечорагӣ ба сари мо омадааст, аз тарафи дигар Толибон сари мо зулм мекунанду маҷбур мекунанд, ки тарёк ба даст биёред.”

Ба назар мерасад, вазъи бади кишоварзон ҳукумати Толибонро маҷбур кардааст, то мавзеъи нарме бо кӯкнорпарварон дар пеш бигиранд. Чанде пеш Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, бо кишоварзоне, ки кӯкнор кишт мекунанд, бархӯрди нарм хоҳанд дошт. Толибон далели нодида гирифтани кишти кӯкнорро, ки ҷиноят ба ҳисоб меравад, шароити бади иқтисодиву қашшоқӣ ва набуди роҳи дигаре барои кишоварзон мегӯянд.

Забеҳулло Муҳоҷид дар як сафараш ба ғарби Афғонистон дар посух ба ин суол, ки бо онҳое, ки кӯкнор кишт мекунанд, чӣ бархӯрде сурат мегирад, гуфт, то он замоне, ки як барномаи муносибе барои кишоварзон иҷро нашавад, кишти кӯкнорро қатъ намекунанд.

Ӯ афзуд: “Акнун онҳо ба кумак ва ҳимоят барои пешбурди рӯзгор ниёз доранд, то ба ҷойи кӯкнор чизи дигаре кишт кунанд. Мо бо созмонҳои байналмилалӣ дар тамос ҳастем. Онҳо ваъдаҳое додаанд ва мо умедвор ҳастем.”

Забеҳулло Муҷоҳид хостори як роҳи ҳалли ҷаҳонии мушкили кишти кӯкнор дар Афғонистон шуд. Мақомоти афғон дар ҳоле чунин мегӯянд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш аз расидани Толибон ба қудрат аз рушди рӯзафзуни кишти кӯкнор ва қочоқи маводи мухаддир ибрози нигаронӣ кардаанд ва ҳам аз Толибон хостаанд, ки дар ин замина иқдомҳои ҷиддӣ амалӣ кунанд.

Шафиқ Ҳамдам, мушовири пешини НАТО ва таҳлилгари сиёсӣ дар Афғонистон мегӯяд, ки мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба ҳамкории ҷаҳонӣ вобастагӣ дорад. Ӯ мегӯяд: “Ҳамкорӣ, ҷалби таваҷҷуҳ ва кумакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба деҳқонҳову мардуми Афғонистон ва ҳамчунин ҳамкории Толибон бо мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои маҳви ин заҳри сиёҳ метавонад, роҳҳои ҷилавгирӣ ва ҳам коҳиши ин заҳр шавад.”

Чанде пеш сокинони ноҳияҳои гуногуни Афғонистон ба ҳамкорони Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки теъдоде аз кишоварзон ҳатто дар он киштзорҳои худ, ки то 18 соли пеш кӯкнор кишт намекарданд, ҳоло тухми кӯкнор мепошанд. Ба тахмини Созмони Милали Муттаҳид, соли 2021 дар Афғонистон дар ҳудуди 177 ҳазор гектар кӯкнор кишт карда ва аз он бештар аз 6000 тонна афюн бардоштаанд, ки аз ин миқдор метавон 320 тонна ҳероини тоза ба даст овард ва ба саросари ҷаҳон қочоқ кард.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1300 километр марзи осону душворгузар дорад, яке аз роҳҳои қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон дар соли 2020 мақомоти интизомӣ дар умум бештар аз 2 тоннаву 400 кило маводи мухаддир кашфу мусодира кардаанд ва қисми зиёди он ҳам аз Афғонистон омадааст.

XS
SM
MD
LG