Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, ба ҳамлаи Русия дар шарқ муқовимати ҷиддӣ мекунанд


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Дар ҳоле ки низоми мудофиаи шаҳри Мариупол бо шикаст дучор шудааст, президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, нерӯҳои украинӣ дар шарқи ин кишвар ба ҳамлаи густурдаи нерӯҳои Русия муқовимати ҷиддӣ нишон хоҳанд дод.

Ӯ ҳангоми суҳбат бо телевизиони CNN рӯзи якшанбе иброз дошт, ки дар сурати ишғоли манотиқи шарқии Украина аз эҳтимол дур нест, ки нерӯҳои Русия дубора болои шаҳри Киев ҳамла кунанд.

Ба қавли раисҷумҳури Украина, муҳориба барои манотиқи шарқии ин кишвар ё худ Донбас сарнавишти ҷангро муайян мекунад.

Муқовимати шадиди низомиён ва мардуми мулкии гирду атрофи Киев нерӯҳои таҷовузгари Русияро ба ақибнишинӣ аз канораҳои пойтахти Украина водор намуд.

Ҳоло нерӯҳои Русия дар манотиқи шарқӣ ва ҷанубии Украина амалиёт пеш мебаранд.

XS
SM
MD
LG