Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА гуфт, нақзи ҳуқуқи инсон дар Узбекистон идома дорад


Департаменти давлатии Амрико дар гузориши солонаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2021 гуфтааст, ки ҳуқуқи бунёдии шаҳрвандон дар Узбекистон сахт поймол мешаванд.

Манбаъ афзуда, ки дар интихоботи президентии Узбекистон дар рӯзи 24-уми октябри соли 2021 ба раъйдиҳандагон имкон дода нашуд, то раисҷумҳури дигарро интихоб намоянд.

"Президент Мирзиёев бо касби 80,2 дарсади овозҳо дубора интихоб шуд. Раъйдиҳандагон интихоби дигарро надоштанд, зеро мухолифони воқеӣ ба интихобот роҳ дода нашуданд," -- омадааст дар гузориш.

Ба иттилои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, "интихоботи Узбекистон ором баргузор шуд, вале дар он қонуншиканӣ ва риоя нагардидани ҳуқуқи интихобкунандагон мушоҳида шуд".

Дар гузориш ҳамчунин омада, ки соли 2021 дар Узбекистон поймолшавии ҳуқуқи бунёдии сокинони зиёд аз сӯи мансабдорони давлатӣ сабт гашта, бештари дастандаркорон бемуҷозот монданд.

XS
SM
MD
LG