Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд таркиш пойтахти Украинаро ларзонд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Субҳи ҷумъа чанд таркиши сахт пойтахти Украинаро ларзонд. Ин таркишҳо дар Киев ва минтақаҳои атрофи он аз замони ақибнишинии нерӯҳои Русия аз манотиқи атрофи пойтахти Украина, бесобиқа гуфта шудааст. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки таркишҳо дар Киев пайиҳам рух додаанд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки чунин таркишҳо дар чаҳор гӯшаи Украина шунида шудаанд. То ба ҳол гузорише аз хисороти таркишҳо дар Киев ва шаҳрҳои Харков ва Херсон нашр нашудааст.

Русия рӯзи чаҳоршанбе иддао кард, ки Украина ба хоки ин кишвар ҳамла карда ва таҳдид намуд, ки марказҳои фармондеҳии Украинаро ҳадаф қарор хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG