Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз пайомадҳои ҷанги Русия дар Украина ҳушдор дод


Антонио Гуттереш
Антонио Гуттереш

Созмони Милал ҳушдор дод, ки ҷанги Русия дар Украина барои бисёре аз кишварҳои камбизоати ҷаҳон пайомадҳои харобиовар хоҳад дошт.

Бино ба таъкиди гурӯҳи фаврии СММ, ҷанги Украина боиси рукуди иқтисоди аксар кишварҳои дар ҳоли рушд мешавад. Кишварҳое, ки феълан дар шароити бади молӣ қарор доранду бо болоравии нархи хӯроку энержӣ дар ҷаҳон ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд.

Дар гузориши Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз 13-уми апрел гуфта шудааст: "Мо ҳоло бо тӯфоне рӯ ба рӯ ҳастем, ки ба хароб сохтани иқтисоди бисёре аз кишварҳои рӯ ба рушд таҳдид мекунад."

"Тақрибан 1,7 миллиард одам, ки сеяки онҳо аллакай дар шароити камбизоатӣ ба сар мебаранд, ҳоло ба вазъи бадтар дучор шудаанд. Буҳрони хӯроку энержӣ ва рукуди иқтисод мизони камбизоатӣ ва гуруснагиро бештар мекунад.”

Гуттереш ҳамчунин таъкид кард, ки 36 кишвари дунё нисфе аз гандуми худро аз Русия ва Украина ворид мекунанд. Афзоиши нархи ғизо ва энержӣ кишварҳои фақиру бе ин ҳам қарздорро ба бесуботии иҷтимоӣ ва сиёсӣ дучор мекунад.

Вай хоҳони хатми фаврии ҷанг дар Украина, лағви маҳдудиятҳои содирот ва расонидани кумаки молӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG