Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси абади як марди тоҷик барои куштани ҳамсару хусураш дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо гуноҳи қатли ҳамсар ва падарарӯсаш ба ҳабси абад маҳкум кардаанд.

Ҳукми Шоҳназар Шосафаров охири соли 2021 дар шаҳри Перм эълон шудааст. Натиҷаи онро Додситонии кулли Тоҷикистон 13-уми апрели имсол расонаӣ кард.

Ҷасади Ҳоҷиқурбон Расулов, зодаи ноҳияи Рашт ва духтараш Шабнам Шосафароваро моҳи феврали соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Мақомоти Русия гуфтанд, Шабнам Шосафарова ҳомила буд. Ба иттилои онҳо, Шоҳназар Шосафаров дар анбори падари ҳамсараш ҳаммолӣ карда, аз ӯ қарздор буд ва майпарастӣ мекард. Дар ин замина байни онҳо муддати дароз ҷанҷол будааст.

Ба ривояти мақомоти Русия, Ҳоҷиқурбон Расулов ба домодаш таҳдид кардааст, ки ӯро ба Тоҷикистон мефиристад. Вақте мард барои харидани билет меравад, гумонбар ба шиками ҳамсараш бо корд зада, баъдан падарарӯсашро низ куштааст.

Шосафаров дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳи худ иқрор шуда, вале гуфтааст, муноқиашаи оилавӣ бар сари он сар зад, ки ҳамсараш мехост исқоти ҳамл карда, аз ӯ ҷудо шавад.

Ӯро бо гуноҳи куштани ду нафар ва зане, ки ҳомила аст, маҳкум кардаанд. Шосафаровро дар зиндони низомаш махсус нигоҳ медоранд.

XS
SM
MD
LG