Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон розӣ шуд. Муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна нафақа мегиранд? ВИДЕО


Дар порлумони Тоҷикистон созишномаеро бо Русия пазируфтанд, ки аз рӯйи он ба муҳоҷирони кории тоҷик ҳаққи бознишастагӣ ё нафақа дода мешавад, аммо бо як шарт. Ба гуфтаи намояндагони расмии ҳарду кишвар, танҳо шаҳрвандоне, ки андози иҷтимоӣ супурдаанд, метавонанд, аз ин имконият баҳра баранд. Cозишнома моҳи сентябри соли 2021 имзо шуда буд. Порлумон санадро 13-уми апрел писандид.

Киҳо нафақа мегиранд?

Дилмурод Давлатзода
Дилмурод Давлатзода

Дилмурод Давлатзода, сардори Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, дар ҷаласаи порлумон гуфт, аз ин пас Русияву Тоҷикистон вазифадор хоҳанд шуд, ба шаҳрвандони ҳамдигар, ки дар қаламрави ду кишвар кор кардаанд, нафақа бидиҳанд. Ӯ афзуд, талабот барои ҳарду кишвар ин аст, ки шаҳрвандон собиқа ё пешинаи корӣ дошта, андози иҷтимоӣ дода бошанд.

Дар гузашта баъзе аз муҳоҷирони тоҷик гуфта буданд, ки солҳо дар Русия ба таври расмӣ кор карда, молиёт супурдаанд, вале ҳанӯз намедонанд, ки ба онҳо нафақа дода хоҳад шуд ё не. Дилмурод Давлатзода гуфт: "Онҳое, ки солҳои пеш дар Русия кор кардаанду синнашон ба нафақа наздик аст, метавонанд, ҳуҷҷатҳояшонро дар фондҳои ҳифзи иҷтимоӣ сабтином кунанд. Аз Кумитаи андоз маълумот бигиранд, ки андози иҷтимоӣ супурдаанд."

Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки солҳо дар Русия кор кардаанд, вале ё фаъолияташон расмӣ набудааст ва ё андози иҷтимоӣ насупурдаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Масъалаи нафақаи муҳоҷирони тоҷик ҳал шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Нобоварӣ ба иҷрои созишнома

Ҳуқуқшиносоне, ки аз шеваи кори мақомоти Тоҷикистону Русия огоҳанд, мегӯянд, амалан дарёфти нафақаи муҳоҷирони кории тоҷик он қадар осон нахоҳад буд.

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов

Ба қавли ҳуқуқдон Шӯҳрат Қудратов, "бюрократия дар идораҳои давлатии Русия дар сатҳи олӣ аст. Вақте муҳоҷирон мехоҳанд, санаде бигиранд, назорат нисбат ба онҳо сахттар мешавад. Дигар ин ки донишу огоҳии на ҳама муҳоҷирон дар сатҳи лозимӣ аст. Омилҳои коррупсионӣ бештар мешавад, бо ҳар роҳ аз муҳоҷирон пул меситонанд."

Қаблан хабарҳо нашр шуда буд, ки Русия ният дорад аз таъмини нафақаи шаҳрвандони хориҷӣ даст кашад. Раиси Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъкид намуд, ки "ин тасмими Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл нахоҳад дошт".

Тоҷикон, кор ва Русия

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон танҳо ва ё бо оилаашон дар ҷустуҷӯйи кор ва даромаду зиндагии муносиб ба Русияву Қазоқистон мераванд.

Ба гуфтаи тарафи Русия шумораи онҳо ҳоло аз як миллион нафар бештар шудааст. Баъзе аз онҳо шаҳрвандии он кишварро гирифтаанд, то аз бартариҳои ин кишвар бархӯрдор шаванд. Мақомоти Тоҷикистон рафтани сокинонро ба Русия рад намекунанд, вале мегӯянд, шумораи онҳо он қадар зиёд нест, ки Маскав мегӯяд.

Вазорати меҳнат, кор ва муҳоҷирати аҳолии Тоҷикистон, чанде пеш шумораи муҳоҷирони тоҷикро дар берун аз кишвар 387 ҳазор нафар номид, аммо маълум нест, ки намояндагони расмии Тоҷикистон аз рӯи кадом ҳисобҳо шумораи муҳоҷирони тоҷикро 387 ҳазор нафар гуфтаанд.

Омори давлати Тоҷикистон дар бораи шумораи муҳоҷирон дар берун аз кишвар ҳамеша баҳсбарангез будааст. Соли гузашта ҳам ҳукумат шумораи муҳоҷиронро камтар аз ним миллион гуфта буд, аммо Русия шумораи онҳоро беш аз як миллион нафар баҳогузорӣ мекунад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳое аст, ки ниёз ба пули муҳоҷирон дорад. Аз рӯи омори созмонҳои молии ҷаҳонӣ, наздик ба 30 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар аз ҳисоби пули муҳоҷирон мебошад.

XS
SM
MD
LG