Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: "Аъзои ҳукумат сараш дард кунад, ба хориҷа мераванд"


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба порлумон дар бораи фаъолиятҳои гузашта ва ояндаи ҳукумат суҳбат кард. Дар ин паём, ки ду соати 45 дақиқа идома кард ва тариқи ҳама шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ пахш шуд, оқои Раҳмон аз бахшҳое ба монанди маориф, бонкдорӣ, тандурустӣ ва саноат интиқод кард.

Коршиносон мегӯянд, ӯ аз мушкилиҳое интиқод кард, ки замони раҳбариаш худаш ва дуруст мудирият накардани кишвар пайдо шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, дар ин паёми худ аз низоми маорифи кишвар ба шиддат интиқод кард ва гуфт, ки дар маҷмӯъ бахши маорифи кишвар ба дигаргуниҳо ниёз дорад.

"Барномаҳо кӯҳна аст, конспектҳо кӯҳна аст, аксари омӯзгорони мо системаҳои нави кор кардан бо донишомӯзонро намедонанд, мо худамон худамонр фиреб мекунем, фақат диплом, коғаз медиҳем, реформа кардан лозим",-афзуд оқои Раҳмон.

Вай дар ин замина пешниҳод кард, бояд қонунеро ба тасвиб расонд, ки баъди 10 сол танҳо касоне аъзои ҳукумат ва хизматчии давлатӣ бошанд, ки ду забони хориҷиро мисли забони модариашон медонанд.

Президенти Тоҷикистон дар бахши дигаре аз суханронии худ ба камбуди мутахассисони тиб дар бемористон ишора карда ва гуфт, ки дар 30 соли ахир 187 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб омода шудааст, аммо имрӯз дар муассисаҳои тандурустии кишвар мутахассис намерасад.

Вай ҳамчунин аз хизматчиёни давлатӣ интиқод кард, ки барои табобат ба хориҷ мераванд ва ба мутахассисони дохилӣ эътимод надоранд. "Аъзои ҳукумат сараш дард кунад, ба хориҷа мераванд, эътиқод ба мутахассисони худ надорем",-афзуд ӯ.

Муҳоҷирати табибон ба хориҷ тақрибан баробар бо муҳоҷирати кории шаҳрвандони дигар шурӯъ шуд ва ҳоло низ идома дорад. Коршиносони умури тиб мегӯянд, хуруҷи бахши бузурги табибон соҳаи беҳдоштро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати табибон омори дақиқа надоранд. Аммо гуфта мешавад, ки ҳазорон табиби ҳирфаӣ берун аз кишвар фаъолият доранд.

МАОШ БОЛО БУРДА МЕШАВАД

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр дар паёми солонаи худ ба порлумон, аз афзоиши ҳаҷми маоши кормандони соҳаи гуногун хабар дод. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфт, ки аз сар аз январи соли оянда музди меҳнати низомиёни тоҷик 25 дарсад боло бурда мешавад.

Ҷаноби Раҳмон ҳамчунин пешниҳод кард, ки аз аввали июни соли оянда маоши кормандони бахши маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва будҷавӣ, стипендияи донишҷӯён 20 дарсад боло бурда шавад. Ҳамин тавр андозаи нафақаи ятими кулл 25 дарсад ва музди ҳадди ақал 50 фоиз зиёд карда мешавад.

Оқои Раҳмон пешниҳод кард, ки андозаи ҳаҷми ақали маош дар кишвар 600 сомонӣ муқаррар карда шавад. Айни ҳол дар кишвар маоши ҳадди ақал ҳудуди 400 сомонӣ ва маоши миёна каме бештар аз 1300 сомонӣ аст. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ маоши миёна дар Тоҷикистон аз камтаринҳо аст ва ба бовари коршиносон, ин боиси эҷоди ангеза барои фасод мешавад.

Ба қавли Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик, раиси ҷумҳур дар паёми солонааш, нишондодҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии имрӯзаро ба 30 соли гузашта муқоиса мекунад, ки ба назари ӯ, ин гуна муқоиса намудан баҳснок ва аз як ҷиҳат намоишӣ аст.

"Дар қисми дастовардҳо рақамҳо асосан байни 30 соли пеш ва ҳолати имрӯз муқоиса мешуд, ки инро як ҷузъи политехнологияҳои имрӯза мегӯянд, ба хотири нишон додани муваффақиятҳои хеле бузург. 87 маротиаб боло рафтани маош ё даромади мардум, ки дар ин паём зикр шуд, рақаме аст, ки каме баҳсбаранез аст, ба гумони ман таҳиякунандагони ин паём бе назардошти сатҳи таваррум ин рақамро оваранд, ки як намуди хеле баланд нишон додани рушди Тоҷикистон дар замони истиқоият мебшад, ин рақам аз арқоми созмонҳои байналмилали хеле фарқ мекунад",--афзуд, Абдумалиук Қодиров.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ҳамчунин гуфт, ки дар солҳои истиқлол 75 дарсади тамоми системаи энержии кишвар кишвар бозсозӣ шуд, ҳудуди 287 нерӯгоҳҳои хурду бузург бунёд шуд. Вай афзуд, ки дар даҳ соли гузашта системаи ягонаи энержӣ ба миён оварда шуд ва 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ба ин соҳа ҷалб гашт. Сӯҳбати раисиҷумҳур аз рушди соҳаи энержӣ дар ҳолест, ки ин шабу рӯз дар бархе минтақаҳои кишвар қатъи нерӯи барқ идома дорад. Мақомот ҳамвора маҳдудият дар барқрасониро ба корҳои "профилатктикӣ" рабт медиҳанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба порлумон солҳои 2022-2026-ро "Солҳои рушди саноат" эълон кард.

Сокинон аз Эмомалӣ Раҳмон чӣ мехоҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Ҳамасола Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ду палатаи порлумони Тоҷикистон ширкат мекунад ва дар бораи фаъолиятҳои гузашта ва ояндаи ҳукумат суҳбат мекунад.

Хабаргузории давлатии "Ховар" қаблан хабар дода буд, ки президент "дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" паём ироа хоҳад кард. Маъмулан, президенти Тоҷикистон дар паёми худ аз муввафақиятҳо суҳбат мекунад ва хеле кам дар бораи камбудии кори ҳукумат изҳори назар мекунад.

Мухолифон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон ҳеч гоҳ дар паёми худ дар бораи мушкили муҳоҷирони тоҷик ва нарх дар бозорҳову маҳдудияти озодии баён ва дину иқтисод ишора намекунад.

Коршинос Абдумалики Қодир бар ин назар аст, ки баъзе мавзӯҳои муҳиме буд, ки дар ин паём гуфта нашуданд. "Масалан дар пай ҳаводиси Хоруғ масъалаи ҳимояи ҳуқуқи инсон ё дар пасманзари ҳодисаҳои дар марз бо Қирғизистон, тавре дидем, чӣ гуна ҷангҳои иттилоотӣ буд, чизе гуфта нашуд",--таъкид кард, Абдумалик Қодиров.

XS
SM
MD
LG