Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони корӣ - қаҳрамонҳои муосир. ВИДЕО


18 июли соли 2011. Гурӯҳи муҳоҷироне аз Тоҷикистон баъди анҷоми кор дар як бозори канори шаҳри Маскав рӯи боме истироҳат мекунанд
18 июли соли 2011. Гурӯҳи муҳоҷироне аз Тоҷикистон баъди анҷоми кор дар як бозори канори шаҳри Маскав рӯи боме истироҳат мекунанд

Ҳамасола 18-уми декабр бо пешниҳоди Маҷмааи умумии СММ рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон гиромӣ дошта мешавад. Соли 1990 дар ин рӯз Паймони байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва аъзои хонаводаи онҳо қабул шудааст.

Ба бовари коршиносон, муҳоҷирон дар тӯли солҳои истиқлоли Тоҷикистон ба манбаи аслии содирот ва омили муҳими суботи иҷтимоӣ табдил шудаанд.

Хуршед Саидзода, муҳоҷири 25-солаи тоҷик дар яке аз сохтмонҳои Маскав кор мекунад. Даромади моҳонаи ӯ тахминан 45 ҳазор рубли русӣ мебошад, ки 15 ҳазори онро барои харҷҳои худаш сарф мекунад. “Ҳар моҳ 13 ҳазор рублро ба Тоҷикистон мефиристам. Онҷо падару модари солхӯрда дорам, ки нафақаи ночиз мегиранд, ҳамсари хонашин ва як фарзанд ҳам дорам”, - мегӯяд Хуршед. Ӯ мегӯяд, хонаводааш талош мекунанд пулҳои фиристодаи ӯро барои бунёди хона пасандоз кунанд.

Мисли оилаи Хуршед, тӯли 30 соли истиқлоли Тоҷикистон оилаҳои зиёде аз ҳисоби фарзандони муҳоҷирашон зиндагиро пеш мебаранд. Мақомоти Русия мегӯянд, давоми соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 1,6 миллион нафар барои пайдо кардани кор ба Русия рафтаанд.

Бар асоси омори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар давоми 10 моҳи ахир 331 ҳазору 353 нафар роҳии муҳоҷират шудаанд, ки ин 2,8 баробар аз соли 2020 бештар аст. Маъмулан омори мақомоти Тоҷикистон аз ҳамтоёни русашон тафовут дорад. Мақомоти Тоҷикистон далели ин тафовутро истифодаи равишҳои гуногун дар оморгирӣ медонанд.

Бар ҳар ҳол, бар асоси иттилои Бонки марказии Русия, ҳаҷми пули фиристода аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали 2021 - 752,4 миллион долларро ташкил додааст, ки аз ҳамин давраи соли 2020 - 10,8 дарсад бештар мебошад.

“Муҳоҷират - муҳаррики субот”

Каримҷон Аҳмадов дар гузашта дар мақоми муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ мегӯяд: “Возеҳ аст, ки аз як сӯ ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки муҳоҷирони корӣ бахши муносиб(-и иқтисод) барои фақиртарин кишвар Иттиҳоди давлатҳои мустақил табдил шудаанд. Таъмини амнияти иқтисодии кишвар чандин сол аст, ки бар дӯши муҳоҷирон аст. Тоҷикистон новобаста аз эъломияҳои худ наметавонад аҳолии дар ҳоли афзоишашро бо кор таъмин кунад. Аз сӯи дигар, муҳоҷирони корӣ амалан муҳаррике ҳастанд, ки ҳифзи суботи нисбии ҷомеаро замонат медиҳанд”, - мегӯяд. Ба гуфтаи ӯ, нухбаҳои сиёсии тоҷик муҳоҷиронро омили таъмини устувории иҷтимоӣ ва пешгирии ифротгароӣ мешуморанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Русия ба ҷуз аз суди иқтисодӣ аз муҳоҷирон онҳоро ҳамчун аҳроми фишори сиёсӣ бар Душанбе истифода мебаранд.

Маблағи фиристодаи муҳоҷирон аз Русия то зуҳури бемории COVID-19 дар соли 2019 аз марзи 2,6 миллиард доллар гузашта буд, ки аз маблағи умумии содироти Тоҷикистон бештар буда, 28 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.

"Аз даромади муҳоҷирати корӣ хона сохта, оиладор шудам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

“Ҳукумат мушкили муҳоҷиронро нодида мегирад”

Коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди саҳми бузурги муҳоҷирон дар таъмини суботи кишвар ҳукумат мушкилоти онҳоро нодида мегирад. “Ба ҷои дастгирӣ ва осон кардани зиндагии онҳо дар берун аз кишвар доираҳои наздик ба ҳукумат тамоми талошашро ба харҷ медиҳанд, то аз ҳисоби муҳоҷирон фоида ба даст биоранд. Ин кори мақомот аз нархи билет то хизматрасониҳои бонкӣ мушоҳида мешавад”, -мегӯяд рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов. Ин рӯзноманигори тоҷик инчунин мегӯяд, дар заминаи ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон кори сафорат ва консулгарии Тоҷикистон босамар нест. Бо ишора ба сарнавишти ҳомиёни муҳоҷирон Каромат Шарифов ва Иззат Амон ӯ гуфт, он ҳомиёни ҳуқуқ, ки талош мекунанд ин шикофро пур кунанд, ба Тоҷикистон истирдод мешаванд.

Теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба таври ғайриқонунӣ дар бахши иқтисоди сояӣ кор мекунанд ва мавриди истисмори бераҳмона қарор мегиранд. Садҳо тан аз онҳо ҳар сол дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва беморӣ ҷон медиҳанд. Дар соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон 300 тобути муҳоҷирони тоҷик оварда шудааст.

Ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров, бо назардошти суди муҳоҷирон, ҳукумат бояд барои онҳо ҳайкал гузорад, то ба ин қишри ҷомеа арҷ гузорад. “Бе пули фиристодаи ин бечорагон шояд миллионҳо шаҳрвандони мо гуруснагӣ мекашиданд, сатҳи қашшоқӣ дар мамлакат хеле баландтар мешуд, вазъи иҷтимоиву сиёсии кишвар муташанниҷ мегашт. Он сулҳу суботе, ки мо имрӯз дар мамлакат дорем, ба маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони меҳнатии мо сахт бастагӣ дорад. Пули фиристодаи ҳамонҳо аст, ки мардум аробаашонро худашон мекашанду ба чӣ гуна сарф шудани пули буҷа коре надоранд ва мақомдорон онро озодона “арра” мекунанд”, - мегӯяд Қодиров.

Дарс аз пандемия

Бар асоси омори Бонки марказии Русия, дар соли 2020, ки барои тамоми ҷаҳон бо сабаби бемории COVID-19 буҳронофарин буд, муҳоҷирони тоҷик ба кишвар 1

миллиарду 741 миллион доллар фиристодаанд. Ин маблағ 759 миллион доллар аз маблағи фиристода дар соли 2019 камтар аст. Русия шурӯъ аз 16-уми марти соли 2020 марзи худро баст ва муҳоҷирон натавонистанд вориди ин кишвар шаванд. Ин вазъият мустақиман ба тавоноии пардохти шаҳрвандони Тоҷикисон таъсир гузошт. Аммо, ба қавли коршиносон, мақомот ба ҷои дарс гирифтан аз ин ҳолат, боз ҳам ба дунболи суд гирифтан шуданд.

Абдумалик Қодиров мегӯяд, ки садҳо муҳоҷири тоҷик дар даврони пандемия дар фурудгоҳҳо дармонданд ва ба кишвар омада натавонистанд. Дар Тоҷикистон ба ҷои дастгирии онҳо нархи билети парвозро чандин баробар боло бурданд, ки аз чаҳорчӯбаҳо берун аст. “Бардошти асосӣ барои ҳукумат аз ин давраи таърихӣ бояд он бошад, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон бояд шакли мутамаддин гирад. Мисли он ки дар Филипин ва дигар кишварҳои содиркунандаи қувваи корӣ ҳаст”, - мегӯяд коршинос.

Каримҷон Аҳмадов мегӯяд, ки соли 2021 ҳам бо вуҷуди ба даст омадани имконияти муносиб барои баргаштан ба Тоҷикистон мақомот дар ин замина ҳеч иқдоме рӯи даст нагирифтанд. “Барои кӯмак ба одамоне, ки тақрибан 30 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро таъмин мекунанд ва пули фиристодаи онҳо аз маблағи содирот бештар аст, ҳеч гуна барномаи давлатии рӯшане роҳандозӣ нашуд. Ба ҷойи ин мо шоҳиди нархи боварнакардании билети парвоз ба Маскав шудем. Зимнан, ширкати ҳавопаймоие ба ин кор даст зад, ки мустақиман вобастаи сутуҳи болои элитаи сиёсии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, наметавон гуфт, ки мақомоти тоҷик аз пандемия дарсе гирифта бошанд”, - таъкид мекунад коршинос.

Тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ саҳми муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон 10-12 дарсад аз кулли аҳолӣ (ҳудуди 8,4 миллион нафар) ва 20 то 25 дарсад аз ҳисоби аҳолии қобили кор (аз 18 то 40 сола), яъне ҳар чор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади сокинони то 30-солаи Тоҷикистон дар хориҷа дунболи кор мегарданд. Тибқи омори ахир, ҳар шаҳрванди ҳаштуми Тоҷикистон дар Русия зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG