Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон камтар шудааст


Муҳоҷирони тоҷик дар семоҳаи сеюми соли 2021 интиқоли пул ба ватанро камтар карданд.

Бонки Марказии Русия бо нашри омор мегӯяд, ки зодагони Тоҷикистон дар ин муддат 534 миллион доллар фиристодаанд, ки 1,8 дар сад нисбат ба соли пеш камтар будааст.

Тоҷикон аз нигоҳи фиристодани маблағ ба ватаншон дар сегонаи аввал ҷойгир шудаанд.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад ва онҳо аз ин кишвар ба хонаводаҳояшон маблағ мефиристанд.

XS
SM
MD
LG