Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 10 моҳ 331 ҳазор тоҷик барои кор ба Русия рафтааст


Бисёре аз муҳоҷирон аз шарту шароити гирифтани иҷозаи кору иқомат дар Русия шикоят мекунанд

Мақомоти расмӣ мегӯянд, Русия ҳамчунон як кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон боқӣ мемонад ва 95 дар сади муҳоҷирони кории тоҷик ба он кишвар мераванд.

Хабаргузории русии ТАСС имрӯз 11-уми декабр аз қавли Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат ва муҳоҷирату шуғлӣ аҳолӣ навиштааст: “Аксари муҳоҷирони кории тоҷик ба шаҳрҳои Иркутск, Чита, Новосибирск, Ростови лаби Дон, Санкт Петербург ва вилоятҳои Маскаву Ленинград мераванд. “

Бино ба омори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, танҳо дар 10 моҳи имсол бештар аз 331 ҳазор шаҳрванди кишвар дар ҷустӯҷуи кор ба Русия рафтааст, ҳарчанд мақомоти Русия омори ба маротиб бузургро эълон мекунанд.

Тафовут дар омори мазкур ба гуфтаи Шаҳноза Нодирӣ сабаб дорад, чун “бисёре аз муҳоҷирон шаҳрвандии Русияро доранд ва ҳангоми сафар ба онҷо чун шаҳрванди Русия сабт мешаванд, на шаҳрванде, ки барои кор меравад.” Ӯ афзудааст: “Дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки шиносномаи русӣ ҳам доранд, ба ҳайси муҳоҷир сабти ном мекунанд.”

Тоҷикистону Русия созишномаи шаҳрвандии дуҷониба доранд ва як нафар метавонад, ҳам шаҳрванди Тоҷикистон бошад ва ҳам шаҳрванди Русия. Бақияи муҳоҷирони кории тоҷик асосан ба Қазоқистон, дигар кишварҳои муштаракулманофеъ ба мисли Украина ва сипас ба кишварҳои хориҷаи дур ба мисли Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мераванд.

Муҳоҷирати корӣ як сутуни аслии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва солона муҳоҷирони корӣ барои кумак ба оилаҳои худ ба ватан миллиардҳо доллар мефиристанд. Соли 2019 бино ба омори расмӣ аз ҳисоби муҳоҷирон ба Тоҷикистон 2.7 миллиард доллар ворид шудааст, ҳарчанд ин омор соли 2020 ба сабаби пандемия ва маҳдуд шудани сафар ба Русия кам шуд.

Дар умум бештар аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд ва пули муҳоҷирон, яке аз омилҳои муҳими ҳифзи вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аст. Ҳазорон нафари онҳо ғайриқонунӣ кор мекунанд ва пайваста истисмор мешаванд. Садҳо нафар низ солона дар натиҷаи тасодуф, беморӣ ва ё ҳодисаҳои дигар ба ҳалокат мерасанд. Соли гузашта тобути 300 нафарро аз Русия ба ватан оварданд.

Ба гуфтаи муассисаҳои байналмилалии молӣ, ҳарчанд муҳоҷирати корӣ дар кӯтоҳмуддат ба нафъи иқтисоди Тоҷикистон аст, аммо оқибатҳои он барои ҷомеа ва ҳам иқтисод дар дарозмуддат бад хоҳад буд. Кишвар аз мутахассисони соҳибихтисос маҳрум мешавад, аз ҳам пошидани оилаҳо меафзояд ва кӯдаконе, ки дар як сол падарро як бору ду бор мебинанд, бо мушкилоти равонӣ ба воя мерасанд.

Илова бар ин Русия дар гузашта муҳоҷиронро ҳамчун василаи фишор ба ҳукумати Тоҷикистон истифода бурдааст, то онро барои қабули қарори муфид ба худаш моил кунад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG