Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодионлайн: Муроҷиатҳо ба Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи паёми солонааш ба порлумон. ВИДЕО


Ҳафтаи оянда, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз минбари порлумон хоҳад гуфт, ки соли гузашта ҳукумат чӣ корҳое хубе дар ҳаққи мардум кард ва соли оянда чӣ кор бояд кунад, ки зиндагии сокинон беҳтар шавад, нерӯи барқ бошаду, нархи хӯрокаву бензин боло наравад.

Ин ҳамаро президент рӯзи 21-уми декабр дар ҳузури вакилони мардумӣ дар Маҷлиси миллӣ хоҳад гуфт. Баъзе аз сокинони Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мехоҳанд, президент дарди дили мардумро бигуяд. Як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ доир ба паёми президент баҳси зиёдеро дар вебсайти Радиои Озодӣ ба вуҷуд овард ва даҳҳо нафар зери видеои суҳбат хостаҳои худро навиштанд.

Аз ҷумла корбаре бо номи Аҳмад, ки гуфтааст: “Ман мехостам, ки пеш аз ҳама сари роҳи коррупсияро гиранд, чун дар кишвари мо коррупсия бениҳоят рушд кардааст. Хешутаборбозӣ, маҳалгароӣ, ҷӯрабозӣ ва ғайра. Ягон муассиса ва корхонае нест, ки бепул коратро иҷро кунад. Дуздоне ҳастанд, ки миллионҳо сомонӣ пули миллатро медузданд, нисбат ба онҳо ягон чора намеандешанд. Ҷаноби олӣ илтимос сари роҳи коррупсияро гиред. Таърих гувоҳ аст, ки кишваре, ки дар он коррупсия авҷ гирифтааст, на тинҷӣ дорад ва на ободӣ.

Муроҷиатҳои корбарон ба Эмомалӣ Раҳмон барои маҳви ришвахорӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00

Айни тақозо аз раиси ҷумҳури Тоҷикистонро корбаре бо номи «Тичер» гузошта ва гуфтааст, ки ҳукумат ба гапи мардум гӯш намедиҳад, нисбат ба масъалаи ришвахорӣ ва ё коруппсия бепарво аст. Ба қавли ӯ, нарху наво мардумро ба дод овардааст.

Давоми шарҳи «Тичер» чунин аст: «Камбудиҳо дар ҳама кишварҳо ҳаст, вале на ба монанди Тоҷикистон. Пеши роҳи қиматиро чаро намегиред? Пеши роҳи хешутаборбозиро чаро намегиред? Пеши роҳи ришвахориро чаро намегиред? Пеши роҳи вазифахариро чаро намегиред? Ба гапҳои мардум чаро гӯш намекунед? Маоши милиса, табиб, муаллимон ва нафақаро баланд кунед. Порагирҳоро 10 сол паси панҷара шинонед, касе, ки набошад.»

Дар воқеъ шарҳи зиёде дар бораи ришвахорӣ дар Тоҷикистон гирифтем ва бисёриҳо гуфтаанд, ки маҳз пора хостану, хешутаборбозӣ сабаби мусибату мушкилоти зиёде дар кишвар аст ва Эмомалӣ Раҳмон бояд зимни суханронӣ дар порлумон дар ҳамин бора суҳбат кунанд. Шарҳи корбареро бо номи Ман Маъруф мехонем, ки дар вебсайти Радиои Озодӣ гузоштааст: “Ман мехоҳам, президент бо кормандони мақомоти амниятӣ суҳбат кунад ва ба ин кор хотима диҳад, ки баъзеҳо мансабу хешутабориро истифода бурда, ман ҷияни фалонча гуфта, дигаронро метарсонанд. Инсонҳое, ки дар муассисаҳои давлатӣ кор мекунанд, бояд ғами миллатро хӯранд, лекин мушкил дар дигар ҷой аст. Система ҳама хешутаборист аз ҳамин лиҳоз проблемаҳои мардум роҳи ҳаллашро намеёбад.”

Теъдоде аз корбарон хостаанд, ки раиси ҷумҳур дар бораи мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ суҳбат кунаду, роҳи ҳалли онҳоро мушаххас пешниҳод намояд. Яке хостааст, ки ба таълими Қуръон дар ҳамаҷо иҷоза дода шавад, дигарӣ тақозо дорад, ки дар Душанбе ба парвариши гов иҷоза диҳанд.

Масъалаи муҳоҷират низ аз назари корбарон дур намондааст ва аз назари корбаре, ки худро муҳоҷири собиқадор номидааст. Шарҳаш чунин аст: “Масъалаи асосие, ки бояд президент гап занад, масъалаи муҳоҷирон аст, ки сол ба сол зиёд мешаванду зану кӯдаконашонро мемонанду ба Русия мераванд. Агар ин кор ҳамингуна идома кунад, меҳру муҳаббат камтар мешавад, дигар муҳоҷир аз мушкилоти ҳамон оила дар Тоҷикистон безор шуда, як зани рус мегирад ва ҳамонҷо мемонад. Зану кудакаш хор ва дарбадар мешаванд. “

Дар ин миён яке масъалаи таҳсилу дониш дар Тоҷикистонро дар миён гузоштааст, ки дар воқеъ шикоятҳо аз он дар кишвар зиёд аст. Корбаре, ки худро “Муаллим” номидааст, бо муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, агар ӯ ба масъалаи маорифу дониши бачаҳо беэътиноӣ кунад, кишвар оянда нахоҳад дошт. Назараш чунин аст: “Ман мехоҳам, президенти муҳтарам, дар бораи сатҳи дониш гап занад, ки ба хок яксон шудааст. Ҷавонони зиёде, хока намефаҳманд. Бахудо каду аз каллаи баъзе ҷавонон бештар мағзу дона дорад. Агар президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала беаҳамиятӣ, кунад, Тоҷикистон як ояндаи тираву тор хоҳад дошт.”

Назари шумо дар ин бора чист ва ё Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба Маҷлиси миллӣ ва мардум бояд ба кадом масъалаҳо таваҷҷуҳ кунад. Дар вебсайти Радиои Озодӣ нависед ва ё дар видео сабт кунед ба ин шумора бифристед: +420 607 900 808

Шарҳҳоро бинед (23)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG