Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади муҳоҷири тоҷикро дар Иркутск овехта пайдо карданд


Яке аз хиёбонҳои шаҳри Иркутски Русия
Яке аз хиёбонҳои шаҳри Иркутски Русия

Ҷасади як муҳоҷири 57-солаи тоҷикро рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Иркутски Русия овехта пайдо карданд.

Мақомоти Русия расман хабарро шарҳ надодаанд, вале наздиконаш гуфтанд, ки ӯ ду ҳафта пеш нопадид шуда буд.

Маҳмуд Аҳмадов, муҳоҷири собиқадор буда, солҳо дар соҳаи сохтмон кор кардааст.

Як тан аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти Русия ҳодисаро аз рӯйи фарзияи худкушӣ таҳқиқ доранд. Ба гуфтаи ин хешовандаш, ки зикри номашро зарур надонист, ӯ ду ҳафта пеш ба ҳамсараш гуфтааст, ки зери фишори як корфармои рус қарор дорад.

“Ӯ гуфтааст, ки раҳбари як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик дар як сохтмон буд. Пули сохтмонро аз корфармо гирифта ба муҳоҷирон медиҳад, вале корфармо биноро қабул намекунад ва мегӯяд, ки пулро баргардонанд. Ҳамин хел шикоятҳо доштааст, вале касе ба худкушии ӯ бовар надорад,”--гуфт ӯ.

Ҳанӯз сабаби марги ин муҳоҷири тоҷик маълум нашудааст.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Иркутск дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки тасмим доранд, рӯзи 17-уми декабр ҷасадро ба Душанбе фиристанд.

“Сабаби марги ӯро мо намедонем. Инро мақомот тафтиш дорад. Ҳоло ҷасад дар сардхона аст ва мо барои фиристоданаш ба ватан омодагӣ дорем”,--гуфт ӯ.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Солона то ҳудуди ҳазор тобути муҳоҷирон ба ватан фиристода мешавад. Далели марги аксари онҳо ҳодисаҳои нохуш унвон мешавад.

Моҳи ноябр аз шаҳри Иркутск ҷасади ду муҳоҷири тоҷик низ ба ватан фиристода шуд, ки ба гуфтаи мақомот, онҳо дар пайи оташ зада шудани вагони зисташон ба ҳалокат расида буданд.

XS
SM
MD
LG