Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден аз Модӣ хост, хариди нафтро аз Русия бештар накунад


Нарендра Модӣ ва Ҷо Байден. Акс аз соли 2021
Нарендра Модӣ ва Ҷо Байден. Акс аз соли 2021

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, аз Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон, хостааст, хариди нафтро аз Русия суръат набахшад.

Байден 11-уми апрел дар ҷараёни конфронси видеоӣ бо Модӣ гуфт, афзоиши хариди нафт аз Русия шояд ба фоидаи Ҳиндустон набошад ва ҳам метавонад, иқдомоти ҷавобии Амрикоро ба ҷанги Украина бо мушкил рӯ ба рӯ кунад.

Президенти Амрико дар ин суҳбати яксоата гуфтааст, такяи Ҳиндустон ба манобеи нафти Русия мавқеи Деҳлиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият намекунад.

Ин муколама дар замоне сурат мегирад, ки Ҳиндустон хариди нафтро аз Русия бештар кардааст.

Модӣ дар ин замина ваъдае надодааст.

XS
SM
MD
LG