Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон амволи давлатиро ширкатҳои наздик ба ҳукумат соҳиб мешаванд


Санадҳои расонаишуда дар Узбекистон нишон медиҳанд, ки яке аз ширкатҳои наздик ба ҳукумати он кишвар корхонаи металлургӣ (Узметкомбинат), яке аз бузургтарин корхонаҳо дар сатҳи вилоятро соҳиб хоҳад шуд.

Ин иқдом дар асоси қароре сурат мегирад, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев соли 2021 дар бораи хусусигардонии саҳми давлат дар корхонаҳои хурду бузрг ба имзо расонида буд.

Дар ҳоли ҳозир маҳсулоти корхонаро, ки бояд тибқи нархгузории бозор фурӯхта шавад, ширкати марбут ба Бахтиёр Фозилов, як нафари наздик ба хонаводаи раҳбарияти Узбекистон бо нархи хеле арзон дастрас мекунад. Тибқи баъзе хабарҳо, Фозилов амалан молики корхонаи металлургӣ ба ҳисоб меравад.

Санадҳое низ, ки дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шудаанд, ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунанд. Амволи корхона бо фармони Мирзиёев аз 30 июли соли 2021 ба фурӯш гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG