Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба маросими ҷанозаи Жириновский рафт


Акс аз соли 2015
Акс аз соли 2015

Президенти Русия Владимир Путин барои ширкат дар маросими дафни Владимир Жириновский, раиси ЛДПР ба Хонаи шӯроҳо дар Маскав рафт. Ҷанозаи Жириновскийро аз ин пеш раиси калисони Маскав патриархт Кирилл хонд. Жириновскийро дар қабристони Новодевиче ба хок месупоранд. Жириновский расман дар мавқеи мухолифат ба Кремл буд, вале дар асл дар масоили калидӣ як муттафиқи ҳукумат ба шумор мерафт.

Путин что-то сказал Жириновскому на прощание pic.twitter.com/LmpBkQRtVt

— Кремлевский пул РИА (@Kremlinpool_RIA) April 8, 2022

Ин сиёсатмадори ҷанҷолӣ, ки дар ҳашт интихоботи Думаи давлатӣ пирӯз шуда, депутати маҷлис буд, рӯзи 6-уми апрел дар синни 75-солагӣ баъди бемории марбут ба коронавирус даргузашт. Жириновский якуним моҳ пеш аз маргаш ишора карда буд, ки Русия ба Украина ҳамла мекунад.

Русия рӯзи 24-уми феврал бе ҳеҷ сабабе ба Украина ҳамла кард ва як ҷанги васеъмиқёсе ба роҳ монд. Жириновский, ки дар остонаи ин ҷанг дар беморхона бистарӣ шуд ва зоҳиран аз шурӯи ҷанг бехабар монд.

XS
SM
MD
LG