Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон кишти кукнорро дар Афғонистон манъ кардаанд


Афғонистон, акс аз соли 2020
Афғонистон, акс аз соли 2020

Мулло Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари ҳукумати Толибон, бо нашри фармоне кишти кукнорро дар тамоми Афғонистон манъ кард. Фармон 3-юми апрел дастраси расонаҳо шуд.

Дар он на танҳо дар мавриди манъи кишти кукнор, балки дар бораи пешгирӣ аз кишту истифодаи ҳама гуна маводи нашъаовар таъкид шудааст.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Толибон гуфтааст, "агар касе аз иҷрои фармон сар бипечад, ба панҷаи қонун супурда мешавад."

Пеш аз ин, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, гуфта буд, бо шахсоне, ки кукнор киштаанд, бархӯрди нарм хоҳад шуд.

Фармони охир дар ҳоле дода шудааст, ки бино ба навори хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс”, деҳқонон дар вилояти Ҳилманд машғули ҷамъоварии ҳосили кукнор аз як замини бузург ва шуморе аз коргарон дар ҳоли ҷамъоварии шираи он ҳастанд.

XS
SM
MD
LG