Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии се паҳлавони тоҷик дар рӯзи аввали "Antalya Grand Slam 2022"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Antalya Grand Slam 2022", ки рӯзи 1-уми апрел дар Анталияи Туркия шуруъ шуд, се варзишгари тоҷик ноком шуд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа паҳлавонони тоҷик Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Шаҳбоз Саидаброров ва Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -66 кг) рақобат карданд. Шеров, ки дар даври аввал бар Грегг Варей аз Британияи Кабир ғолиб омад, дар даври баъдӣ варзишгари Испания Адриан Нието Чинарро мағлуб кард. Вале паҳлавони тоҷик дар даври сеюм аз рақиби пуртаҷрибааш Орхан Сафаров аз Озарбойҷон ноком шуд.

Саидаброров, ки бар асоси қуръакашӣ ба рақобат аз даври дуюм пардохт, аз Эрик Такабатакеи бразилӣ шикаст хӯрд. Суфиев бошад, дар даври муқаддамотӣ аз Франсиско Менезии португолӣ мағлуб шуд.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон ба ҷуз аз се варзишгари зикршуда, инчунин Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни то 90 кг), Абубакри Акобир (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи "Antalya Grand Slam 2022" 525 варзишгар (312 мард ва 213 зан) аз 63 кишвар иштирок доранд.

Рӯзи аввали мусобиқа – 1-уми апрел – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор шуд. Рӯзи дуюми мусобиқа – 2-юми апрел - гуштигирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат мекунанд. Мусобиқа 3-юми апрел бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.

Ба варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу имтиёзҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, "Antalya Grand Slam 2022" барои варзишгарони тоҷик панҷумин мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад. Қаблан дар «Grand Prix Portugal 2022» ва «Paris Grand Slam 2022» ягона варзишгари тоҷик - Комроншоҳи Устопириён – ширкат карда, дар шаҳри Алмадаи Португалия дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Баъдан Темур Раҳимов дар мусобиқаи “Tel Aviv Grand Slam 2022”, ки моҳи феврал дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Сипас дар мусобиқаи бози ҷудо "Tunis African Open 2022", ки рӯзҳои 12-13-уми март дар Тунис баргузор шуд, Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73 кило ҷойи ҳафтумро гирифт.

XS
SM
MD
LG