Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба бозор медароӣ, роҳатро гум мекунӣ." Шикоят аз гаронӣ дар остонаи Рамазон. ВИДЕО


Яке аз бозорҳои Душанбе
Яке аз бозорҳои Душанбе

Рӯзи 2-юми апрел дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳо моҳи Рамазон фаро мерасад. Бо наздик омадани ин моҳи барои мусалмонон муқаддас, сокинон дар Тоҷикистон аз болоравии нархи маҳсулот шикоят доранд. Мақомот бо ташкили ярмаркаҳо талош доранд, нархҳоро “дар як сатҳ” нигоҳ доранд. Сокинон мегӯянд, пештар баҳонаи тоҷирон боло рафтани қурби доллар буд, ҳоло ки қурби доллар нисбатан поин омадааст, нархҳо поин наомаданд.

"Чӣ хеле, ки маъқулашон аст, нарх мегузоранд"

Як рӯз пеш аз оғози моҳи Рамазон бозорҳои Тоҷикистон серодаманд. Аксарият нарх мепурсанд, чун одат кардаанд, ки нарх дар ин мавсиму айём боло меравад. Абдураҳмон Холов, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, харҷи ҳармоҳаи хонаводааш 2600-2700 сомонӣ буд, вале моҳи март барои маҳсулоти ниёз аввал 4160 сомонӣ сарф карданд.

“Ҳама чизро гарон кардаанд. Биринҷ 18 сомонӣ буд, 26 сомонӣ шуд. Панҷ литр равған 140-145 сомонӣ, як кило қаланфури булғорӣ 45 сомонӣ, як кило себ 9 сомонӣ буд, 17 сомонӣ шудааст. Ин беинсофӣ аст. Тоҷирон чи хеле, ки маъқулашон аст, нарх мегузоранд,” – шкива кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар арафаи моҳи Рамазон нарх дар бозорҳои Душанбе чӣ гуна аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Ҳамин шикоят рӯзи 1-уми апрел дар бозорҳои кишвар аз забони бисёриҳо садо медод. Абдукарим, сокини дигари пойтахт, гуфт, як халта ордро аз бозори “Фаровон” ба 340 сомонӣ харидааст.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, “фурӯшандаҳо аввали моҳ баҳона мекарданд, ки қурби доллар боло рафт. Ҳозир қурби доллар фаромад, боз чиро баҳона мекунанд? Сӯзишвориаш ҳам ҳамин хел. Ба ҷойи онки дар моҳи Рамазон нарх арзон шавад, баръакс қимат мешавад. Нархро баланд мекунанд ва то Рамазони дигар ҳамин хел меистад. Халқ аз куҷо пул меёбад? Шарт аст, ки ҳама хонаву дарашро партофта, ба Русия равад?”

"Чораи дигар надорем"

Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки бо вуҷуди норозигӣ аз гаронии нарх, харидорон кам набуданд. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ба ҷуз харидани маҳсулот чораи дигаре надоранд. Албатта, баъзе афрод гуфтанд, боло рафтани нархҳо дастархони рамазонии онҳоро хурдтар мекунад ва маҷбуранд, аз истеъмоли баъзе маҳсулот даст кашанд.

Бозор, шаҳри Душанбе, 1-уми апрели 2022
Бозор, шаҳри Душанбе, 1-уми апрели 2022

Гароншавии нархҳо имсол як моҳ пеш аз Рамазон сар шуд. Аз ҷумла, орд, равған, шакар ва маҳсулоти дигари ниёзи аввал қиммат шуданд. Соҳибкорон ба болоравии қурби доллар ишора карданд, ҳарчанд бархеҳо инро баҳона медонанд. Рӯзи 1-уми апрел тоҷирон дар бозорҳо гуфтанд, пойину боло рафтани нарх аз онҳо пурра вобаста нест.

Як тоҷир бидуни зикри номаш гуфт, маҳсулоти ниёз аввал ба монанди орд, равған ва шакарро аз нуқтаҳои яклухтфурӯшӣ мегиранд. “Вақте онҳо маҳсулотро бо нархи баланд медиҳанд, мо чихел арзон фурӯшем? Мо ба болои нарх чанд сомонӣ фоидаи худамонро мегузорем, тамом,” -- афзуд тоҷир.

Нархи гӯшт ба мисли пешина нест

Дар ин миён гӯшт аз камтарин маҳсулоти ниёзи аввалия аст, ки нархаш зиёд тағйир накардаст. Фурӯшандаҳо мегӯянд, баҳори имсола сербориш ва ғизои чорво ҳам фаровон буд. Насим Худоёров, як фурӯшандаи гӯшт мегӯяд, имсол моҳи Рамазон барвақттар омад, барои ҳамин нарху наво зиёд “боло напаридаанд”.

Мақомот ба хотири танзими нарх дар Рамазон ва идҳои дигар ярмарка ташкил мекунанд. Чунин ярмаркаҳо дар бозорҳои калонтарини пойтахт – «Меҳргон», «Саховат» ва «Деҳқон» - дида мешаванд. Дар ин ярмаркаҳо маҳсулоти нисбатан арзон ба фурӯш гузошта мешавад, аммо сифат ва ҳаҷми ин маҳсулот ҳамаро қонеъ намекунад.

XS
SM
MD
LG