Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 рӯзи 2-юми апрел шуруъ мешавад


Дастаҳои футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои футболи Тоҷикистон.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 2-юми апрел оғоз меёбад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар 31-умин мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон даҳ бошгоҳи лигаи олӣ – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), “Хуҷанд”, “Эсхата” (ҳарду аз Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Хатлон” (Бохтар) , «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод) - иштирок мекунанд.

Мусобиқа дар ду марҳила доир мегардад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи даҳ бошгоҳ дар ду давра бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ бошгоҳи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давра бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1-ум то 5-ум дар ҷадвали мусобиқа талош меварзанд.

Панҷ бошгоҳи боқимонда дар гурӯҳи «В» дар як давра бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 6-ум то 10-ум ва нигоҳ доштани мавқеашон дар лигаи олӣ мубориза мебаранд, ду дастаи ҷойҳои охир ба лигаи аввал мегузаранд. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон ҳамагӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Тибқи тақвим бозиҳои даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзҳои 2-3-юми апрел баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

2-юми апрел (шанбе)

«Файзканд» - «Истаравшан», 17:00

«Регар-ТадАЗ» - «Равшан» (Зафаробод), 17:00

Бозии «Истиқлол» - КМВА ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд.

3-юми апрел (якшанбе)

«Эсхата» - «Хуҷанд», 17:00

«Хатлон» - «Равшан» (Кӯлоб), 17:00

XS
SM
MD
LG