Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комилов баъди ду рӯзи изҳороташ дар бораи Украина бистарӣ шуд


Абдулазиз Комилов
Абдулазиз Комилов

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон, ки 10 рӯзи охир дар дохили он кишвар табобат мегирифт, ахиран барои идомаи дармон ба хориҷ аз Узбекистон рафтааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 29-уми март иттилоъ дод.

Дар хабари расмии Вазорати корҳои хориҷии он кишвар навъи бемории Комилов шарҳ дода нашудааст. Вай бори охир дар мазҳари ом рӯзи 17-уми март ҳозир шуд. Он замон Комилов мавқеи Узбекистонро дар баробари вазъи Украина шарҳ дода буд.

"Узбекистон истиқлол, ягонагӣ ва тамомияти арзии Украинаро эътироф мекунад. Мо ҷумҳуриҳои халқии Луганск ва Донетскро эътироф намекунем", - гуфта буд он замон вазири корҳои хориҷии Узбекистон.

Сиёсатшиносон ин изҳоротро мавқеи ҷиддӣ ва "боҷасорат" номиданд.

Маҷмаи умумии Созмони Милал рӯзи 2-юми март қатъномаеро қабул ва ҳамлаи Русияро ба Украина маҳкум кард. Аз 193 кишвари узв 141 кишвар аз қатънома ҷонибдорӣ ва 35 давлат аз раъйдиҳӣ худдорӣ варзиданд. Узбекистон низ дар қатори кишварҳое буд, ки ба қатънома рой надоданд.

XS
SM
MD
LG