Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳукумати Қирғизистон хостанд, ба таъқиби ҳомиёни ҳуқуқ поён диҳад


Федератсияи байнулмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи инсон аз мақомоти Қирғизистон даъват карда, ки таъқиби чаҳор ҳомии ҳуқуқро фавран бас кунад.

Дар изҳороти созмон, ки дар сомонаи расмии он нашр шудааст, даъват мешавад, то маҳдудияти ахири ҳуқуқи сокинони Қирғизистон ба баргузории ҷамъомадҳои осоишта дар Бишкек бекор карда шавад.

Ҳамчунин аз ҳукумати Қирғизистон даъват шудааст, ки қонуни созмонҳои ғайридавлатиеро, ки соли 2021 ба иҷро даромад, манъ кунад.

Федератсия афзуда, ки ҳомиёни ҳуқуқи қирғиз - Динора Ошурахунова, Азиза Абдирасулова ва Ондуруша Токтоносирова ҳақ доранд, бидуни монеа ва таҳдиди таъқиб фаъолияти қонунии худро анҷом диҳанд.

Ин се ҳомии ҳуқуқи қирғиз баъди тазоҳурот ба ҷонибдорӣ аз Украина дар "нофармонии мақомоти ҳомии ҳуқуқ" ва "майдаавбошӣ" айбдор карда мешаванд. Вакили дифоъ Нурбек Токтакунов низ баъди ҳимоят аз ҳомиёни ҳуқуқ ҳабс шуд.

XS
SM
MD
LG