Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомдори бритониёӣ шарти лағви таҳримҳои зидди Русияро гуфт


Лиз Трасс, вазири корҳои хориҷии Бритониё
Лиз Трасс, вазири корҳои хориҷии Бритониё

Лиз Трасс, вазири корҳои хориҷии Бритониё гуфт, ки агар Путин ҳамла ба Украинаро қатъ кунад ва ваъда диҳад, ки дигар ба хоки ҳеҷ кишваре таҷовуз намекунад, таҳримҳо алайҳи сарватмандони рус ва Русия бекор хоҳанд шуд.

Ӯ гуфт, ки таҳримҳо аз ҳама роҳи пуртаъсир алайҳи Русия аст ва ин кишварро маҷбур мекунад, то ҷангро қатъ кунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло гуфтугӯ барои расидан ба сулҳ миёни Украина ва Русия давом дорад, вале ин кишвар майли зиёде ба сулҳ нишон намедиҳад. Аз ин нуқтаи назар, ӯ пешниҳод кард, ки бояд фишор зидди Русия бештар шавад.

Бритониё аз ҷумлаи кишварҳоест, ки сарватмандони наздик ба Кремл ва чанд бонкҳои муҳими ин кишварро таҳрим кардааст.

Рӯзи 24-уми феврал Русия ба хоки Украина ҳуҷум кард. То кунун ҳазорон нафар кушта ва маҷрӯҳ шуданд. Беш аз се миллион нафар аз Украина фирор карданд. Кишварҳои ғарбӣ Русияро таҳрим карданд.

XS
SM
MD
LG