Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пашинян бо Путин дар бораи вазъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ гап задааст


Никол Пашинян ва Владимир Путин. Акс аз моҳи октябри соли 2021
Никол Пашинян ва Владимир Путин. Акс аз моҳи октябри соли 2021

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, вазъ дар Қаробоғи Кӯҳиро баррасӣ кардааст.

Бино ба гузоришҳо, дар даргирии нав миёни нерӯҳои Арманистону Озарбойҷон, се сарбози арманӣ кушта ва чаҳордаҳ каси дигар захмӣ шуданд. Ҳодиса рӯзи 25-уми март рӯй дод.

Мақомоти Қаробоғи Кӯҳӣ Бокуро ба нақзи созиши оташбас бо миёнравии Русия муттаҳам карданд.

Сухангӯи Кремлин, Дмитрий Песков, рӯзи 26-уми март тасдиқ кард, ки Путин ва Пашинян рӯзҳои 24 ва 25-уми март ду гуфтугӯи телефонӣ доштанд. Песков ба хабарнигорон гуфт, “вазъ дар Қаробоғ баррасӣ шуд”.

Арманистону Озарбойҷон соли 2020 бар сари ин минтақаи баҳсӣ шаш ҳафта бо ҳам ҷангиданд. Даргирии тарафҳо бо миёнравии Русия ва бо созиши оташбас поён ёфт.

Бино бар он, арманиҳо қаламравҳоеро, ки дар тӯли даҳсолаҳо зери назорати худ доштанд, ба Озарбойҷон доданд.

XS
SM
MD
LG