Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон 500 ҳазор оиларо аз рӯйхати камбизоатҳо берун кардаанд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 24-уми март дар Форуми байнулмилалии сармоягузории Тошканд гуфт, дар як муддати кӯтоҳ беш аз 500 ҳазор хонавода аз рӯйхати оилаҳои камбизоат берун карда шудааст.

Мирзиёев хабар дод, ки дар давоми 5 сол 25 миллиард доллар дар он кишвар сармоягузорӣ шуда, мубориза бо фақр яке аз "ҳадафҳои асосии сиёсати ҳукумати Узбекистон" мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, давоми 5 соли охир дар Узбекистон барои дастгирии хонаводаҳои камбизоат ва бекорон барномаҳое ба монанди "Дафтари оҳанин", "Дафтари ҷавонон" ва "Дафтари бонувон" роҳандозӣ шудааст.

Аммо сокинони Узбекистон шикоят доранд, ки барномаҳои мазкур ба муҳлати хеле кӯтоҳ амал карда, бештари хонаводаҳо баъди дарёфти нахустин кумаки моддӣ аз рӯйхати камбизоатҳо берун карда шуданд.

XS
SM
MD
LG