Бо гузашти як моҳ аз оғози таҷовузи Русия ба Украина раиси ҷумҳур Владимир Зеленский, рӯзи панҷшанбе хостори ҳамбастагӣ бо кишвараш шуд.
Қарор аст, имрӯз дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви НАТО ҷанг дар Украина ва иқдомҳои баъдӣ барои маҷбур кардани Русия барои поён додан ба ҷанг баррасӣ шавад.
Дар остонаи гирди ҳам омадани раҳбарони кишварҳои ғарбӣ дар Брюссел барои баррасии ҷанг Владимир Зеленский хостори ҳамбастагӣ бо кишвараш шуд. Дар муроҷиати видеоӣ дар рӯзи панҷшанбе, ӯ дигарбора хост, ки фазои кишвараш барои парвозҳо баста шавад ва гуфт, кишварҳои ғарбӣ ба Украина ҳавопаймову тонку аслиҳаи зарур барои мудофиаро надодаанд. "Дар ин се нишаст, мо мебинем, кӣ дӯсту шарик аст, кӣ фурӯхта шудааст ва кӣ ба мо хиёнат кард. Зиндагиро бо ваҳдат муҳофизат кардан мумкин аст. Озодӣ бояд мусаллаҳ шавад.",--гуфт ӯ.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Чанд соат пештар аз ин Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ба Брюссел омад, то дар нишастҳои НАТО, Гурӯҳи 7 ва Иттиҳоди Аврупо ширкат кунад. Қарор аст, Амрико ба зидди сиёсатмадорон ва сарватмандони Русия таҳримоти нав ҷорӣ кунад ва НАТО нерӯҳояшро дар Аврупои Шарқӣ тақвият бахшад. Аммо муттафиқони аврупоии Амрико, ки баъзе сахт пойбанди газу нафти Русия ҳастанд, дар масъалаи таҳримоти бештар ихтилофи назар доранд.
Ҳамчунин рӯзи чаҳоршанбе як қатъномаи таҳиякардаи Русия бо талаби кумаки бештар ба Украина, ки нақши Русия дар ҷангро зикр накарда буд, дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал қабул нашуд.
Барбара Вудворд, сафири Бритониё, пешнависи қатъномаро танқид карда, гуфт, ки агар Русия аз вазъи башарӣ дар Украина нигарон аст, пас бояд бомборони кӯдакону муҳосираро бас кунад.
Русия ҳаргуна иддао дар бораи ҳадаф гирифтани ғайринизомиёнро рад мекунад ва ҷанг дар Украинаро, “амалиёти махсуси низомӣ” меномад ва мегӯяд, ки ҳадаф аз он ғайринизомӣ кардани Украина ва пок кардани он аз миллатгароёни хатарнок аст. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ин фақат як баҳонае барои оғози ҷанг буд.