Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисҷумҳури Украина аз Ҷопон хост, таҳримҳоро алайҳи Маскав сахттар кунад


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Раисҷумҳури Украина аз ҳукумати Ҷопон хост, таҳримҳоро ба зидди Русия барои ҷанги бедалел дар ватани ӯ сахттар кунад.

Владимир Зеленский, ки рӯзи 23-юми март тариқи онлайн ба порлумони Ҷопон муроҷиат мекард, ба вакилони мардумии ин кишвар барои эъмоли таҳрим ба зидди Русия ташаккур гуфт.

Аз ин пештар Ҷопон воридоти тамоми маҳсулоти русиро манъ кард.

Аз ҷанги Русия дар Украина тақрибан як моҳ сипарӣ шуд ва дар ин муддат бештар аз 3 миллион нафар аз хонаҳояшон гурехтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шумораи тоҷиконе, ки аз Украина ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурданд, ба беш аз ду ҳазор нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG