Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҷангҳои шадид дар Украина


Шимоли Киев. Акси моҳвораӣ
Шимоли Киев. Акси моҳвораӣ

Рӯзи 23-юми март ҷанги шадид дар шаҳри бандарии Мариупол ва атрофи Киев, пойтахти Украина, идома кард.

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, дар набард бо Русия аз кишвараш пуштибонии бештар кунанд.

Аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина тақрибан як моҳ гузашт. Дар ин муддат ҳудуди 4 миллион нафар аз ин кишвар гуреза шуда, даҳҳо ҳазор мардуми осоишта дар муҳосира мондаанд ва аз камбуди обу хӯрок азият мекашанд.

Владимир Зеленский рӯзи 23-юми март зимни суханронии маҷозӣ дар порлумони Ҷопон аз вокуниши Созмони Милал ба таҷовузи Маскав интиқод кард.

"На Созмони Милали Муттаҳид ва на Шӯрои Амнияти Созмони Милал амал накарданд. Ислоҳот зарур аст," -- гуфт раҳбари Украина дар муроҷиат ба қонунгузорони Ҷопон.

XS
SM
MD
LG