Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, бинобар бомбаборони пайиҳами нерӯҳои Русия аз шаҳри муҳосирашуда ва бандарии Мариупол фақат "вайрона" мондааст.
Айни замон ҳукумати Украина аз Русия хост, иҷоза бидиҳад, ки ғайринизомиёнро аз ин шаҳр берун кунанд ва дабири кулли Созмони Милал талаб кард, ки ба ин ҷанги "бемаънӣ" поён дода шавад.
Мариупол 400 ҳазор нафар аҳолӣ дошт ва дар ҷанге, ки Русия як моҳ пеш оғоз кард, ҳазорон нафар ҳалок шудаанд ва ҳазорон тани дигар роҳи фирор аз он шаҳрро меҷӯянд.
Владимир Зеленский дар ин бора ҳангоми муроҷиати онлайнӣ дар ҳузури вакилони порлумони Итолиё сухан гуфт.
Дар тарафи дигар Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал гуфт, ба ин ҷанги бемаънӣ, ки пирӯзе нахоҳад дошт ва зиндагии мардумро ба дӯзах табдил додааст, бояд хотима дода шавад.
Русия 24-уми феврал ҷангро дар Украина оғоз кард.