Низомиёни Украина интизор доранд, ки ҳамлаи нерӯҳои Русия ба зербунёдҳои муҳим ва иншооти ғайринизомӣ сахттар мешавад.
Бо гузашти 27 рӯз аз оғози ҷанг шаҳри Мариупол дар ҷануби Украина саҳнаи набардҳои шадиде байни ду тараф шудааст.
Аз бахшҳои шаҳри Мариуполи Украина фақат вайрона мондааст. Аксҳои моҳвораӣ дуди ғализеро нишон медиҳанд, баъди бомбаборони хонаҳои истиқоматӣ ба ҳаво печидаанд.
Шоми душанбе Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дигарбора хостори мулоқот бо Владимир Путин, президенти Русия, шуд ва гуфт, бе гуфтугӯ бо ӯ ба ҷанг поён додан имконнопазир аст.
“Ман чанд сол боз батакрор чунин пешниҳод кардаам. Ба фикри ман, бе ин мулоқот Шумо дар воқеъ намедонед, ки онҳо барои хотима додан ба ҷанг ба чӣ омода ҳастанд. Ва намедонед, дар сурати қабул накардани ин ё он мусолиҳа аз тарафи мо, онҳо ба чӣ кор қодир ҳастанд,” – гуфт Зеленский.
Зеленский як сол саъйи мулоқот бо Путин дошт, вале ӯ рад мекард. Русия ҷангро дар Украина “амалиёти махсуси низомӣ” барои “ғайринизомӣ” кардани Украина ва муҳофизати он аз “фашистон” номидааст.
Путин мегӯяд, НАТО, як абзори дасти Амрикост ва бо тақвияти нуфуз дар қаламрави Украина ба Русия таҳдид мекунад. Зеленский рӯзи душанбе дигарбора гуфт, ки Украина ба НАТО пайвастанӣ нест.
Дар ин миён сокинони шаҳри Мариупол бе нерӯи барқу обу гармӣ монда, дар таҳхонаҳо зиндагӣ мекунанд. Франческо Росса аз Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх гуфт, корвони кумакҳои башарӣ ба шаҳр ворид шуда наметавонад.
“Корвон дармондааст. Рафта наметавонад. Онҳо мунтазири ризояти Салиби Сурхи Украина ҳастанд, вале то кунун ин созмон ба минтақа дастрасӣ надорад. Онгуна медонед, онҷо амалиёти сахте идома дорад,” – афзуд ӯ.
Дар ҷойҳои дигари шаҳр саҳнаҳои мудҳишеро метавон дид, ки одамон дар кӯчаҳо барои ҳамсояшон гӯр мекананд. Созмони Милал мегӯяд, аз шаҳрҳои бомбабороншуда ба мисли Мариупол оморе дар бораи талафот гирифта наметавонад. Ба гуфтаи мақомот, аз замони оғози таҷовузи Русия 2500 нафар кушта шудаанд. Русия мегӯяд, ки ғайринизомиёнро ҳадаф намегирад.