Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ural Airlines парвози ҳавопаймоҳояшро ба (аз) Тоҷикистон ба таъхир гузошт. Чанд парвоз бекор шуд


Ҳавопаймои "Уралские авиалинии" дар Фурудгоҳи Душанбе

Ширкати “Уралские авиалинии” парвози ҳавопаймоҳояшро ба (аз) Тоҷикистон ба таъхир гузошта, чанд парвозро пурра бекор кардааст.

Бино бар онлайн-таблои Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, аз шаш парвози ширкати “Урал”, ки бояд 21-уми март анҷом мешуд, танҳо як парвоз аз Маскав ба пойтахти Тоҷикистон сурат гирифтааст. Панҷ парвози дигар аз Екатеринбург, Челябинск ва се парвоз аз фурудгоҳи "Жуковский"-и Маскав анҷом нашуданд.

Субҳи 22-юми март бояд ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" аз Уфа, Самара, Екатеринбург ва Маскав ба Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе мерасиданд, вале то ин дам ҳеч яке аз онҳо ба Душанбе наомадааст.

Дар сомонаи расмии ширкати “Урал” навиштаанд, ки парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат барои 22-юми март аз шаҳрҳои Ростови лаби Дон, Екатеринбург, Сочи ва ду парвоз аз Маскав ба Душанбе бекор шудаанд.

Ҳамчунин, парвози ширкати “Уралские авиалинии” аз Челябинск, Екатеринбург, Ростови лаби Дон ва Минералние Води ба Хуҷанд бекор шудааст. Масъулони ширкати "Урал" то ҳол вазъиятро шарҳ надодаанд. Маълум нест, ки сабаби якбора бекор шудани аксар парвози ҳавопаймоҳо аз Русия ба Тоҷикистон чист.

Дар миёни ширкатҳои ҳавонавардӣ, ки байни Тоҷикистон ва Русия мусофиркашонӣ мекунанд, “Уралские авиалиние” аз ҳама бештар парвозҳо анҷом медиҳад.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав дар як моҳи охир ба мушкил гирифтор шуданд. Аз ҷумла, ширкати "Сибир" 5-уми марти имсол парвози ҳавопаймоҳояшро ба Тоҷикистон бекор кард. Қатъи парвозҳо боиси сарсонии садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ва Русия шудааст.

XS
SM
MD
LG