Русия рӯзи 16-уми март дар ҳамлаи ҳавоӣ бинои як театрро дар шаҳри Мариупол нишон гирифт, ки гуфта мешавад садҳо нафар дар он паноҳ ёфта буданд.
Сергей Орлов, муовини раиси шаҳри бандарии Мариупол, бо зикри ин хабар ба рӯзноманигорон гуфт, аз 1000 то 1200 нафар дар бинои театр шаҳр паноҳ гирифтаанд ва маълум нест, ки чанд нафар аз онҳо дар ин ҳамла ҷон бохтанд. Раиси шаҳр Вадим Бойченко дар "Телеграм" ҳамларо "фоҷеаи дигар хонд".
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар наворе гуфт, мардум барои ҳифзи ҷонашон ба ин театр паноҳ бурданд ва ҳоло он тахриб шудааст. Вай афзуд, ҳанӯз аз талафот иттилооте дар даст нест.
Вазорати корҳои хориҷии Украина ҳам гуфтааст, ки нерӯҳои русӣ бомбаи қавиеро ба толори театри шаҳри Мариупол партоб карданд, ки боиси талафоти ғайринизомиён шудааст.
Аммо хабаргузории русии РИА Новости ба нақл аз Вазорати дифои Русия иддао кард, ки аъзои як гурӯҳи ниманизомии украинӣ бинои театри Мариуполро таркондаанд.
Бритониё ва панҷ кишвари дигар дар Созмони Милали Муттаҳид хоҳони баргузории нишасти Шӯрои Амнияти СММ дар 17-уми март шуданд. Онҳо хостори ҳимояти ғайринизомиёни украинӣ шуданд.