Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳолланд китоберо дар бораи Ворух нашр карданд


Китоби "Ворух, девори Ватан". Акс аз рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, Шаҳзодаи Самарқандӣ
Китоби "Ворух, девори Ватан". Акс аз рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, Шаҳзодаи Самарқандӣ

Интишороти "Ақли Сурх" дар Ҳолланд китоберо дар бораи Ворухи Тоҷикистон, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, ки дар ҷанҷолҳои марзии ду кишвар ҳамвора мавзӯи баҳси ҷонибҳост, нашр кардааст.

Тоҷикистон ҷамоати Ворухи Исфараро бахши комили қаламраваш медонад, вале Қирғизистон анклав ё ҷазирақаламрав мешуморад.

Китоби нав "Ворух, девори Ватан" ном дорад ва аз мақолаву шеърҳо иборат аст. Ношири китоб дар пешсухан гуфтааст, "навиштаҳо ва ашъори тоҷиконеро гирдоварӣ кардаем, ки нисбат ба рӯйдодҳои чанд соли ахир дар Ворух ва даргириҳои марзии он бетараф намондаанд ва фикру ақидаи худро чи аз лиҳози илмӣ, чи аз лиҳози торихӣ ва чи дар гузоришу мушоҳидаҳо ва чакидаҳои шеърии худ дарҷ кардаанд."

Дар идома омадааст, "аз бознашри чанд сафарнигора ва мақолаҳои торихии муҳимми русӣ ва англисӣ низ худдорӣ накардем, то доманаи воқеияти торихӣ барои хонанда равшан гардад."

Китобро рӯзи 20-уми март дар Амстердам рӯнамоӣ мекунанд.

Чанд нусхаи чопии китоб барои китобхонаҳои расмии Ҳолланд, Тоҷикистон ва Бритониё фиристода шуда, нусхаи электронии онро дар Интернет мегузоранд.

Интишороти "Ақли Сурх" беш аз 5 сол боз дар Ҳолланд фаъол аст. Ҳадафаш нашри осори тоҷикӣ дар хориҷ аз кишвар ва муарифии он ба алоқамандон аст.

XS
SM
MD
LG