Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Украинаву Русия сари долонҳои амни ҳаракати паноҳҷӯён


Шаҳри Ирвин. Як низомии украинӣ ба интиқоли кӯдаке ба макони амн ёрӣ медиҳад
Шаҳри Ирвин. Як низомии украинӣ ба интиқоли кӯдаке ба макони амн ёрӣ медиҳад

Украина Маскавро дар он гунаҳгор кард, ки аз роҳи танҳо ба Русия ё Беларус берун бурдани паноҳҷӯёни фирорӣ аз минтақаҳои ҷангии Украина мехоҳад ҷомеаи ҷаҳониро гумроҳ кунад. Ҳоло мавҷи азими паноҳҷӯён талош дорад аз Киев, пойтахти Украина ва ҳам шаҳрҳои Мариупол, Харков ва Суми берун шавад. Сухангӯи президенти Украина ин амалро «комилан ғайриахлоқӣ» номид ва гуфт, ки шаҳрвандони Украина ҳақ доранд, ки ба хоки кишвари худ ҳаракат кунанд.

Роҳҳои берун бурдани мардум аз Украина, ки ба навиштаи РИА Новости бояд соати 9-и саҳари 7-уми март боз мешуданд, танҳо ба хоки Русия ва Беларус мебаранд. Муовини нахуствазири Украина Ирина Верешук гуфт, ки Украина аз Русия хост, ки аз санаи 7-уми март оташбас эълон шавад ва иҷоза диҳанд, ки мардум ба шаҳри ғарбии Лвов бираванд. Мақомоти русӣ гуфтанд, ки танаффус дар ҷангҳо бо як дархости президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҷорӣ мешавад. Ӯ дирӯз бо президенти Русия Владимир Путин як сӯҳати телефонӣ анҷом дод. Верешук гуфт, ки Русия мехоҳад Макрон ва дигар раҳбарони ғарбиро гумроҳ кунад, ки танҳо ба самти Русия ва Беларус метавонад долонҳои амн боз кунад. Вазорати дифои Русия гуфт, ки гурӯҳи махсуси корӣ берун бурдани паноҳҷӯёнро бо дронҳо назорат мекунад.

XS
SM
MD
LG