Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский аз Ғарб ҳимоя хост. Путин гуфт, амалиёт тибқи нақша пеш меравад


Сокинон аз шаҳри Ирпин, наздикии Киев фирор мекунанд.

Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод, ки фурудгоҳи шаҳри Виннитсии Украина дар пайи ҳамлаи мушакии нерӯҳои Русия пурра хароб шудааст.

Ӯ дар як суҳбати видеоӣ рӯзи 6-уми март гуфт, ки ба ин фурудгоҳ ба воситаи мушакҳои "Калибр" ҳамла шудааст.

Ба иддаои ӯ, ин мушакҳо аз минтақаи эътирофнашудаи Приднестрови Молдова парронда шудаанд. Ин минтақа зери назари Русия амал мекунад.

Зеленский бори дигар ба раҳбарони кишварҳои ғарбӣ муроҷиат кард. Ӯ гуфт: "Мо ҳар рӯз ба такрор мегӯем, ки фазои Украинаро барои парвози мушакҳо, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва барои истифодаи террористон мамнӯъ эълон кунед. Мо инсон ҳастем ва ин вазифаи башардӯстии шумост, ки моро ҳимоят кунед. Ва шумо инро метавонед."

Қаблан созмони низомии НАТО пешниҳоди барои парвоз мамнӯъ донистани фазои Украинаро напазируфт. Мақомоти ин созмон гуфтанд, ки ин маънои ҷанг бо Русияро дорад, ки оқибатҳои вазнин хоҳад дошт.

Мақомоти украинӣ гуфтанд, ки берун бурдани аҳолӣ аз шаҳри Мариупол ба мушкил печид, чун Русия ҳамлаҳоро қатъ накард. Қаблан, ҷонибҳо ба тавофуқ расида буданд, ки барои берун шудани аҳолии осоишта долони амн боз мекунанд

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА гуфт, ки далелҳое ба даст омадаанд, ки низомиёни Русия ба мардуми осоишта ҳамла кардааст. Ӯ гуфт, ин далелҳо ҳамчун ҷинояти ҷангӣ сабт мешаванд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳангоми берун шудани сокинон аз шаҳри Ирпен дар вилояти Киев ба сӯяшон оташ кушода шудааст. Ба гуфтаи хабарнигор, се сокини маҳаллӣ дар ин тирпарронӣ кушта шудаанд.

Рӯзи 6-уми март Владимир Путин, президенти Русия бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки "амалиёти махсус" қадам ба қадам мутобиқи нақша пеш меравад. Ӯ гуфтааст, ки амалиёт дар сурате қатъ мешавад, ки мақомоти Украина талаботи Русияро иҷро мекунад.

Яке аз талаботҳои Русия напайвастани Украина ба созмони низомии НАТО аст.

Мақомоти Украина рӯзи 6-уми март эълон карданд, ки 11 ҳазор низомии рус дар ин ҷанг кушта шудааст.

Вазорати мудофиаи Русия рӯзи 6-уми март эълон кард, ки дар як шабонарӯзи охир дар Украина ҳашт ҳавопаймо, ду чархбол ва шаш ҳавопаймои бесарнишини "Байрақдор"-и сохти Туркияро сарнагун кардааст.

Ин Вазорат омори нави кушташудаҳо дар Украинаро нагуфт, вале рӯзи дуюми март аз кушта шудани 498 низомӣ ва маҷрӯҳ шудани 1597 нафар низомиёни рус хабар дода буд. Тафтиши дурустии иддаои ду кишвар дар бораи талафоти низомиён ғайриимкон аст.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG