Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Украина нашр шуд


Ин мард худро Фахриддин Ҳоҷиқурбон ном мебарад.
Ин мард худро Фахриддин Ҳоҷиқурбон ном мебарад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори асир афтодани як афсари тоҷиктабори Русия дар Украина нашр шудааст

Ин мард дар навор худро Фахриддин Ҳоҷиқурбон ном мебарад ва мегӯяд, аз Тоҷикистон аст. Расман боздошти ин зодаи Тоҷикистонро мақомоти Русия ва Украина тасдиқ накардаанд. Дар навор чеҳраи ин мард захмӣ ба назар мерасад ва мегӯяд, “онҳоро ба тамрин ҷалб карда буданд, на ҷанг дар Украина.”

Ӯ худро “командири танк” меномад ва мегӯяд, “аз танкаш то замони боздошт тире напаронда буд.”

Замон ва макони боздошти ӯ маълум нест.

Аз ин пеш аз ҳалокати ду зодаи Тоҷикистон дар ҷангҳои Украина гузориш шуда буд, ки афсари нерӯҳои низомии Русия будаанд. Мақомоти маҳаллӣ дар Дарвоз, хабари марги Ҷамшед Худоиев (Холов) ва Шуҳрат Абдуллоевро тасдиқ карданд ва гуфтанд, онҳо шаҳрванди Русия буданд ва бо шартнома дар артиши он кишвар хидмат мекарданд.

XS
SM
MD
LG